Ифтитоҳи расмии Клиникаи ҳуқуқӣ дар ДДҲБСТ

04 июни соли 2025 дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими расмии супоридани таҷҳизоти техникӣ барои Клиникаи ҳуқуқии назди факултети ҳуқуқшиносӣ баргузор гардид. Ин иқдом дар доираи ҳамкориҳои судманди Донишгоҳ бо ташкилоти байналмилалии Хелветас роҳандозӣ шудааст.
Маросим бо иштироки васеи ҳайати роҳбарикунандаи Донишгоҳ, намояндагони ташкилоти Хелветас ва донишҷӯёни фаъоли факултети ҳуқуқшиносӣ баргузор гардида, қадами муҳим дар самти дастрасии беҳтари донишҷӯён ба таҷрибаи амалӣ ва рушди касбии ҳуқуқшиносони ҷавон маҳсуб меёбад.
Ректори ДДҲБСТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Мӯминзода Шероз чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва аз ҳамкориҳои созандаи Донишгоҳ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, бахусус бо Хелветас, ёдовар шуд. Ӯ таъкид кард, ки фаъолияти Клиникаи ҳуқуқӣ на танҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои амалӣи донишҷӯён, балки барои дастрасии бештари аҳолӣ ба маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва хизматрасониҳои ройгони ҳуқуқӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷараёни маросим Раҳматуллоев Шамс, менеҷери лоиҳаи “Дастрасӣ ба адолати судӣ” ва Сумайно Шакарбекова, мутахассиси лоиҳа аз тарафи ташкилоти Хелветас, суханронӣ намуда, аз раванди бунёди ҳамкорӣ бо Донишгоҳ ва нақши лоиҳа дар беҳтарсозии муҳити таълимии донишҷӯёни ҳуқуқшинос ёдовар шуданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like