Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштанд: «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳу нохоҳ тафаккураш ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».
Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср бо амалҳою ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлатҳо таҳдиду хатарҳо эҷод карда, осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро аз байн мебаранд. Ҳол он ки ҳеҷ як шакли ҷомеа бидуни таъмини амнияти пурраи иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард.
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад. Бояд гуфт, ки имрӯз барои муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм санадҳои байналмилалӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд. Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва Конвенсияҳои зиддитеррористии он аз ҷумлаи ин санадҳо мебошад.
Мувофиқи маълумотҳо дар зарфи солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифтаанд. Ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоиштаро ба ҳалокат расонида, миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.
Дар ҳақиқат, бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ занону кӯдакон ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд. Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда ба садҳо миллиард доллар баробар мебошад. Идомаи ин зуҳуроти номатлуб аз ҳар ҷиҳат хатарҳои зиёдеро дар пай дошта, на фақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва фарҳангӣ, балки сабаби хурӯҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар тамоми минтақаҳои олам гардида, солимии ҷомеаро зери хатармебарад.
Муносибатҳои байналмилалӣ, ки дар солҳои охир хеле шиддатнок ва муқовиматомез гардидаанд, хосияти бераҳмонаро ба худ гирифтааст. Ҷараёнҳо ва нерӯҳои сиёсӣ беш аз беш сифатҳои иртиҷоию ифротии хешро ошкор месозанд. Дар ин қатор ҷараёни экстремизми сиёсӣ яке аз масъалаи муҳимест, ки тамоми кишварҳои дунёро ба ташвиш овардааст. Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ айён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаҳои мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи онро бояд омӯхт.
Ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад. Моро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиром намоянд.
Падидаи номатлуби терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору харобиовари ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст.
Авезова Зайнура Баҳриддиновна