Суруди миллӣ – нишон аз давлату давлатдорӣ
Суруди миллӣ ҳамчун нишон аз давлату давлатдории миллии мо тоҷикон мебошад. Арҷ гузоштан ва эҳтиром намудани Суруди миллӣ ин намунаи меҳандӯстӣ, ватанпарастӣ ва худогоҳии миллӣ ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Вақте инсон оҳанги Суруди миллиро мешунавад ва ё онро қироат менамояд, ҳиссиёти аҷибе ӯро фарогир мешавад. Ҳисси ватандӯстӣ, ватандорӣ, ифтихор аз гузаштаи ниёгон ва ӯҳдадорӣ нисбати фардои дурахшони Ватан ҳар як шаҳрвандро фаро мегирад. Шунавидан ва қироат намудани он дар чорабиниҳои муҳими илмӣ, таълимӣ, фарҳангӣ, варзишию сиёсӣ нишонаи ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва таърихи ниёгон аст.
Ҳар як фарди ватандӯсту меҳанпарвар, ки худро фарзанди асили миллати хеш медонад, бояд нисбати Суруди миллӣ эҳтироми хоса дошта бошад. Лекин, афсус дар ҷомеа шахсоне вохӯрдан мумкин аст, ки матни Суруди миллиро пурра аз худ накардаанд ва ё танҳо дар вақти наврасиву кудакии худ сурудаанду халос. Аз ин ру пешниҳоди маорифчиёни Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нисбати бо Суруди миллӣ сар шудани машғулиятҳои таълимӣ ва фармони Вазорати маориф ва илми мамлакат оиди дар ҳамаи чорабиниҳои илмиву таълими сароидани муқаддасоти кишвар мояи дастгирӣ ва сарфарозист.
Эҳтиром ва арҷгузоштан ба муқаддасоти миллӣ барои баланд бардоштани сатҳи худшиносию худогоҳӣ, ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ ва ифтихори миллии ҳар як сокини ҷомеа таъсири мусбӣ мерасонид. Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ бояд қадру қиммати Суруди миллӣ ҳаматарафа ташвиқу тарғиб гардад. Боварии комил дорам, ки пешниҳоди маорифчиён аз ҷониби ҳамаи табақаҳои касбу кори гуногун пазируфта шуда, хурду бузурги кишвар бори дигар ба Суруди миллӣ арҷ мегузоранд.
Ҳошимова Н. – ассиcтенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ