Омили барангезандаи ҳисси соҳибватании ҷавонон
Дар дунё ҳар як давлатҳои миллӣ дорои арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатӣ буда, онро поку беолоиш нигоҳ медоранд ва аз рӯи ин рамзҳо ҳар халқу миллатҳоро ҳамчун кишвари мустақил ва соҳибихтиёр мешиносанд.
Хушбахтона, кишвари азизи мо низ дорои чунин арзишҳои муқаддаси миллӣ буда, эҳтиром гузоштану арҷгузорӣ намудан ба ин арзишҳо дар самти фаъолияти ҳар як сокини кишвар қарор дорад. Яке аз чунин арзишҳои муҳиму муқуддаси миллӣ дар қатори Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ба ҳисоб меравад. Воқеан, Суруди миллӣ дар қатори дигар муқадасоти давлатӣ яке аз муҳимтарини нишони рамзи соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрии ҳар як давлату миллатро ифода менамояд. Қироати Суруди миллӣ ба ашхс ҳаловат бахшида, инсонро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва меҳанпарастӣ тарбия ва ҳидоят менамояд. Бояд ҳар як шахс ҳар сатру сутуни Суруди миллиро бо овози буррову бо ифтихор зам-зама намояд.
Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ташаккули сатҳи худшиносиву худогоҳӣ, эҳсоси ватандорию ифтихори миллии хурду бузурги кишвар ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳанпарастиву ифтихор намудан аз миллату ватандорӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ хусусан, Суруди миллӣ дастури Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қироати Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун рамзи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, дар саршавии ҳамагуна чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, аз ҷумла семинару конференсияҳо, фестивалу ҳамоишҳо, шӯроҳои ректорону олимон, маҷлисҳои назди ректорону деканҳои факултетҳо ва ҷамъомади ҳизбию иттифоқҳои касаба, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор мешаванд, басо иқдоми саривақтӣ мебошад. Аҳамияти ин иқдом дар он аст, ки бо воситаи қироати Суруди миллӣ дар доираи васеъ ин боз ҳам баланд бардоштани ифтихор ва ғурури миллӣ, ҳисси созандагиву бунёдкорӣ байни шаҳрвандон, махсусан дар байни қишри ҷавони кишвар мебошад. Ин иқдом имконият медиҳад, ки ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон тавассути қироати Суруди миллӣ боз ҳам қавитар гардад. Дар Суруди миллӣ тамоми орзуву ормони миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон инъикос шудааст, ки дарку фаҳми дуруст ва қироати он дар чорабиниҳои сиёсиву ҷамъиятӣ барои боло бардоштани хуштаншиносӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавонон мусоидат менамояд. Пешниҳоди маорифчиёни Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мояи дастгирист.
Шӯҳрат Саидзода – н.и.с., дотсент, мудири
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ