Паймон мақсади иғвогарӣ дорад
Паймони миллии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Суди Олии мамлакат ташкилоти террористӣ – экстремистӣ эълон карда шудааст, аммо амалҳои иғвогаронаи худро бо роҳи гуногун давом дода истодааст. Тавре маълум аст Паймони миллӣ ҳадафҳои иғвогаронаи худро дорад, ки он барои ташкил кардани хатар ба манфиатҳои Тоҷикистон, дар ҷомеа ба вуҷуд овардани тарсу ҳарос нигаронида шудааст.
М.Кабирӣ Паймони миллиро таъсис дода мақсад дорад, ки давлатҳои Аврупо ба худ ҷалб намуда аз онҳо кӯмаки сиёсию молиявӣ гирад. Паймони миллӣ ба ном оиди ҳуқуқи инсон ҳарф зада кӯшиш дорад, ки давлатҳои Аврупо ба ӯ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда ҳамкорӣ намоянд. Кабирӣ хуб медонад, ки давлатҳои Аврупо ба мавзӯи ҳуқуқи инсонро таваҷҷӯҳ доранд бинобар ин ба ҳамин хотир Паймони миллиро таъсис дод. Аммо мақсади асосии Кабирӣ ҳуқуқи инсон набуда ташкил кардани амалҳои иғвогаронаю вайронкорона иборат мебошад. М.Кабирӣ бо дастгирии давлатҳои Аврупо мехоҳад ёрии молиявӣ гирифта гурӯҳҳои террористӣ ташкил намуда ба вазъи сиёсии Тоҷикистон таъсир расонад.
Мо хуб медонем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои ҷаҳони муосир мавқеи шоиста дошта бо ташаббусҳои намоён баҳри ҳалли муаммоҳои глобалӣ фаъолона ширкат менамояд.
Мущиддин Кабирӣ хуб медонад, ки мавқеи суст гардида истодааст бинобар ин кӯшиш дорад фаъолияти Паймони миллиро пурзӯр гардонад ва роҳҳои гуногуни амалҳои ифротгаронаро ташкил намояд. Чунин амалҳои ифротгаронаи Паймони миллиро дер ё зуд ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк намуда онро маҳкум менамоянд. Зеро чунин амалҳои ифротгарона инчунин вазъи сиёсию иҷтимоии давлатҳои Аврупоро низ халалдор карда метавонад.
Одинаев А. – н.и.т., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ