Изҳороти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт нисбати фаъолияти Мирзои Салимпур
Маълум аст, ки бархӯрдҳои сиёсию мадании ҷаҳони муосир рӯз ба рӯз вазъи мамлакатҳои ҷаҳонро ва махсусан Шарқи наздик ва миёнаро нооромтар сохта, ҳолати бенизомиро ба вуҷуд меоварад. Ин гуна шароит аз ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки дар самти муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни гуногуни ҷомеа ва дар ин замина нерӯманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷидду талош варзанд.
Сомонаи иттилооти “Ахбор.ком”, ки дар фазои интернетӣ ва идеологӣ қариб 2 сол боз гардиш мекунад, бо иғвоҳои сардабираш ва матлабҳои бадномкунандаи Мирзои Салимпул, маъзарат мехоҳем аслан Салимпур аст, лек аз дустдори пулу моликият буданаш “Салимпул” номидаанд нисбат ба давлат ва миллати мо маводҳои сиёҳу рангаро нашр ва пахш мекунад. Ҳар як инсон бо ақли солим худ дар замони муосир аз рӯи ҳақиқат хуллосабарорӣ намуда метавонад, ки дар пушти ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ва сомонаҳои ифротӣ манфиатҳои хоҷагони хориҷӣ мавҷуд аст.
Мо бояд ба дасисаҳои хоинони миллат дода нашуда, аз пайи ободиву созандагӣ ва анҷоми росилати хеш дар назди Ватан бошем. Ободиву осоиштагии Ватан аз ҳар яки мо вобаста аст.
Аҳли устодони кафедраи технологияҳои
иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДҲБСТ