ЗАБОН ДОНӢ – ҶАҲОН ДОНӢ
Дар кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба 20 – апрел Рўзи байналмилалии забони хитоӣ “Ҳафтаи забони хитоӣ” доир гардид. Дар доираи ҳафта бо ҷалби мутахассисони варзида чандин чорабиниҳои илмиву таълимӣ ташкилу баргузор гардиданд. Санаи 18.04.2025 конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Шарикии стратегии Тоҷикистону Чин: дастовардҳо ва дурнамои рушд дар шароити тағйирёбандаи сиёсати ҷаҳонӣ» ва чорабинии ҷамъбастии ҳафта бо иштироки олимону мутахассисони варзидаи соҳа ташкил ва баргузор гардид.
Нахуст, декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, дотсент Дониш Майнусов ба конфронс ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокчиён ва меҳмононро муаррифӣ намуд. Мавсуф дар суханронии худ таъкид намуд, ки раёсати ДДҲБСТ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитҳои заруриро ҷиҳату омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони хитоӣ муҳайё намудааст. Ҳоло донишҷӯёни гурӯҳҳои хитоӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолияти донишгоҳ фаъолона ширкат варзида, бо дониши хубу аъло ва рафтори намунавии худ дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, номи ин боргоҳи маърифатро боло мебардоранд.
Дар идомаи кори конференсия муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, профессор Ризозода Тӯра Рабим, муовини ректор оид илм ва инноватсия, профессор Бобоҷониён Даврон Дадоҷон, директори Донишкадаи Конфутсияи назди Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон аз ҷониби Хитой – Жен Гентян, директори Донишкадаи Конфутсияи назди Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон аз ҷониби Тоҷикистон – Азимов Эминҷон Абдунабиевич ва мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода маърӯзаҳо намуда, андешаҳои хешро оид ба ташаккул ва рушди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин, лоиҳаи “Роҳи Абрешим”, нақши ҳамкориҳои илмию таълимӣ дар мустаҳкам намудани шарикии стратегӣ ва ғ. ибрози андеша карданд.
Қайд гардид, ки забони хитоӣ яке аз шаш забони расмии Созмони милали муттаҳид ба ҳисоб меравад ва дар соли 2010 бо Қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид 20 апрел “Рӯзи байналмилалии забони хитоӣ” эълон карда шуд.
Баъди анљоми маърӯзаҳои илмӣ баромадкунандагон, ғолибони озмунҳои гуногуни ҳафта ва иштирокчиёни фаъол бо “Диплом”, “Сипоснома” ва тӯҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ ва садорати факултет қадрдонӣ гардиданд.
Барномаи рангини фарҳангӣ, ки аз қироати шеърҳо, гуфторҳои Конфутсий, рақсу сурудхонӣ иборат буд, ба маҳфил ҳусни дигар зам кард.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа