Иғвоангезии наҳзатиён
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 28 – соли соҳибистиқлолии кишвар ҷанги бародаркушро хотима бахшида, кишвари ба пораҳо тақсимгардидаро ба як кишвари зиёда аз 200 давлати дунё шинохта табдил доданд ва имрӯз ҳар як фарди кишвар дар фазои оромиву осудагӣ, тинҷию фазои комили ваҳдати миллӣ умр ба сар бурда истодааст, вале хоинони миллати тоҷик, ки ин ҳама пешравию созандагиро бо чашми хеш диданд, дар фазои оромиву осудагии он зиндагӣ карданд, ин ҳамаро нодида гирифта, нону намакаи ин миллатро хӯрда дар намакдонаш хок пошиданд, амали хоинонаи онҳо беҷавоб нахоҳад монд.
Дар баробари фароҳам омадани сулҳу субот, таҳкими қонуният ва тартибот, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеаи имрўза омилҳое низ ба назар мерасанд, ки боиси халалдор гаштани амнияти миллии кишвар шудаанд. Экстремизм ва терроризм, тибқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят эътироф шудааст. Нафароне, ки ба ин падидаҳои хавфнок шомил мешаванд, сатҳи маърифтаи ҳуқуқии зарурӣ ва ҳамзамон ҳисси худогоҳии миллӣ надоранд. Новобаста ин падидаҳои номатлуб аз тарафи ҷомеа пешгирӣ ва маҳкум карда шавад ҳам, мутаасифона бархе аз нафарон дидаву дониста ин падидаҳои хавфнокро ҷонибдори мекунанд. Тарафдорони ин падидаи хавфнок ҷинояткоронанд, яъне, субъектони ин ҷиноят шахсоне мебошанд, ки дар фаъолияти чунин иттиҳодия иштирок мекунанд, новобаста аз иштироки бевосита дар содир кардани амали мушаххаси экстремистӣ. Бояд зикр намуд, ки аъзоёни ташкилотҳои мазкур ин қабил ҷиноятҳоро асосан дар заминаи андешаҳои ифротгароёнаи динӣ, паст будани маърифати динӣ, тарғиби бартарии онҳоро аз нигоҳи муносибаташон ба равияҳои гуногуни дини Ислом содир менамоянд. Ба андешаи мо, ҷой доштани содиршавии ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки то ҳол омилҳои барангезандаи кинаву адовати динӣ ва ҳамзамон миллию маҳаллӣ дар ҷомеаи мо аз байн нарафтаанд.
Масалан амалҳои иғвоангези аъзоёни ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистон мебошад. Аз ин лиҳоз, ошкору бартараф кардани онҳо на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки вазифаи тамоми касбу корҳои гуногун ва аҳли ҷомеа мебошад. Дар ин бора Президенти кишварамон дар Паёми навбатии хеш чунин иброз намуданд, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.
Дар асоси аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати ислом, ҳамчун ҳизби экстримистӣ ва террористӣ эътироф карда шуда, фаъолияташ дар қаламрави Ҷумҳурии Точикистон манъ карда шуд. Санади судии мазкур асоснок ва қонунӣ аст.
Авезова З.Б. – сармуаллимаи кафедраи ҳуқуқи
судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ