Амалу рафтори хоинонро маҳкум менамоем!
Сараввал бояд ҳаминро қайд кард, ки дини мубини ислом ин яке аз офаридаи худованде, ки яккаву ягона ҳаст тағирнопазир буда инсонро ба роҳи рост, меҳру муҳаббат, хизмат ба ватан ва оромиву осоиштагии ҷамъиятро тарбия месозад. Он амалҳое, ки аз як тараф нигоҳ кунем хело ва хело дар рузҳои тӯлонӣ ва аз тарафи дигар гӯем рӯзҳои наздик Пешвои миллатамон ба анҷом расонидан инчунин расонида истодаанд яко яки онҳо ба ҳам дини мубини ислом ва Қуръони карим мувофиқ буда мо пайравони Пешвои миллатро водор месозад, ки ба ин гуфтҳои фирефтаю бардуруғи иблисон (Шайтон) бовар накарда нигаронии онҳо нахоҳем шуд. Зеро дар дини мубини ислом ва инчунин дар Қуръони карим худованд гуфтааст, ки ман танҳо се гурӯҳи бандагонамро ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дунё ҳеҷгоҳ намебахшам.
- Бандагоне, ки барои ман шарик (ширк) меоранд;
- Бандагоне, ки дини мубини исломро ба ҳаргуна ҳаракатҳои номатлуб шарик дониста дар асоси он хунрезии бегуноҳонро ҷоиз медонад ва нооромии ҷамъиятро барпо менамоянд;
- Дидаву дониста бандагонам байни якдигар қатлгардонии якдигарро ҷоиз меҳисобанд.
Шахсияте, ки дар нишасти болоии ватани худ фаъолият мекарду қалби пок, муҳаббат нисбат ба ватан медошт ва пешарвии миллату давлаташро барои худ ҳамчун як вазифаи асосӣ инчунин лоақал хушбахтии оилаи худ меҳисобид бояд аз чунин орзуе, ки на ба ҳамагон худованд насиб мегардонад даст кашида ба ватани бегонагон ҳамчун хоини давлат ва гуреза намешуд. Гуфтаҳои роҳбари хоинон Кабирӣ ин дар ягон сутуни ҳақиқати ислом рост намеояд. Ҳадафҳои асосии ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллӣ ин дидаву дониста ноором гардонидани миллату давлат, хунрезии бегуноҳон, қашоқиву сарсонии фарзанди тоҷик будааст. Лекин хоинон бо роҳбарии Кабирӣ намедонад, ки шукронаи худо бо ин инсони поквиҷдони худотарсе, ки бо чунин номи нуронӣ ном гирифтааст, Эмомалӣ Раҳмон бо фарзандони фарзонаи миллати Тоҷикистон дар як муддати хело кӯтоҳ бо чунин эътиқоди ҳам диниву ва ҳам дунявӣ омада расидем, ҳамагон медонад ба хунрезӣ ва ё нооромии фарзандони ватан ин бо ягон қоида рост намеояд.
Аз ҳамин сабаб мо на танҳо ба як гуфтори расмии Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш, балки бо садҳазорҳо ҷонибдори паймону наҳзат дар симои фарзандони миллат руафтодагӣ ва боварӣ ба суханони бардуруғ ва фирефтаи ин гуруҳ нахоҳем бовар кард. Барои ҳамин ҳам сафи Эътилофи ў бо ашхоси шубҳанок пур намешаванд. Кабирӣ имрўз аз беватанӣ худро ҳамчун мухолифи давлат эълон намудааст.
Аз ин лиҳоз, бо боварии комил гуфта метавонем, ки иғвогарону бефарҳангон наметавонанд мафкура ва тафаккури мардуми бофарҳанги миллати тоҷикро халалдор созанд.
Дар хотима бисёр як ақидаи ҷолибе ба хотир омад, ки аз фурсати муносиб истифода бурда бояд ба ҳамагон хабар расонам. Вақте, ки қалам бар даст мегираму нисбат ба ин шайтонҳои бе имону бе ватану аблаҳкорон навиштаҷотеро дар тимсоли изҳорот ва ё мақола шурӯъ намоям, бо худ мегуям магар онҳо ҳайвонҳои ваҳшӣ нестанд, ки мо аз дандонҳои тезашон битарсем зеро онҳо мартабаи пастарин аз ҳайвонҳам доранд, ки қудрати дандонони тезро ҳам надоранд. Аз ҳамин лиҳоз мо натанҳо аз гуфторҳои аблаҳон, балки аз рафтору кирдори онҳо нахоҳем тарсид. Баръакс ҷасуриву бузургии мо бозҳам пурқуввату мардонавор мегардад. Дар якҷоягӣ бо ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мубориза мебарем. Чихеле, ки Пешвои миллат мегуянд, Тоҷикистон ба пеш!
Нуриддинов М.Б. – ассистенти кафедраи
баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ