Наҳзатиёни ниқобдор ва беимон
Лозим ба қайд аст, ки бештари инсонҳо оид ба мусулмонӣ чунин андеша доранд, ки мусулмонӣ бо забон гуфтан бо қалб тасдиқ кардан аст. Одатан мусулмон гуфта ононеро мегуянд, ки дигарон аз дасти онҳо озореро набинад.
Чи хеле, ки дар урфият мегуянд “аз асп фаромада бошад ҳам, аз узанги пой гирифтан намехохад” наҳзатиён ба минсли инҳоанд, ки бенангиву беномусӣ насиби онҳо аст. Онҳо бо амалҳои нопоку нанговар зидди давлати худ рафтор мекунанд.
Имрўзҳо, ки Ҳизби наҳзати исломӣ дар мамалакати мо чун ташкилоти террористӣ эълон шудаву саркардагон ва думравони он дар хориҷи кишвар рўй ба гурез овардаанд, мехоҳанд аз ҳисоби ҷавононе, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, сафи аъзоёни худро афзоиш дода, онҳоро зидди давлату ҳукумати Тоҷикистон бархезонанд. Бо ин мақсади ваҳшиёнаи худ нахуст шахсони ба доманашон афтодаро дар хориҷа шиносномаҳояшонро мегиранду дар ҳар гуна лагеру макони дигар ҷойгир мекунанд ва бо ҳар роҳ онҳоро азоб дода маҷбур месозанд, ки ба ҳизби наҳзатӣ шомил гарданду ҳар гуна супоришҳои ваҳшиёнаи онҳоро иҷро намоянд.
Новобаста ба ҳаракат ва ниятҳои бади душманони халқи тоҷик Ватани мо рўз аз рўз ободу зебо гардида қадамҳои устувори худро ба пеш бо сарварии давлатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафҳои созандагии гузоштааст. Ба ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ гуфтанием, ки ба мақсади нопоки худ ҳеҷгоҳ намерасед. Бо азму иродаи қавӣ ва матонату ҷасорат бар муқобили ҳамагуна равияҳои номатлуб муборизаи беамон мебарем.
Шукуров Ф. – сармуаллими
кафедраи гражданӣ ва меҳнатӣ ДДҲБСТ