Мақоми методикаи таълими фан дар амалишавии машғулиятҳо
Таҳти унвони “Мақоми методикаи таълими фан дар амалишавии машғулиятҳо ” бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, қисми таълим ва бахши БИМСТ дар донишгоҳ семинари илмӣ-омӯзишии методӣ баргузор гардид. Семинарро муовини ректор оид ба корҳои таълим, дотсент Ғаюров Ҳ.Ш. ифтитоҳ намуда, меҳмононро аз номи раёсат, бахусус ректори донишгоҳ профессор, М. Шарифзода хайрамақдам намуд. Семинари мазкур бо иштироки олимони варзида, собиқадорон ва тарҳрезгарони истифодаи усулҳои фаъоли таълим – профессори Маркази илмии Хуҷандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманнонов А. ва н.и.т., дотсент, мудири кафедраи тахрихи умумӣ ва археологии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Исомададдинов Ҷ.Б. доир гардида, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорони ҷавонро ба ҳам овард.
Таҳқиқи методикаи таълими фан ва амалишавӣ дар раванди машғулиятҳо, истифодаи усулҳои фаъоли таълим, самаранокии истифодаи усулҳо дар дарси омӯзгор, натиҷаи азхудкунии донишҷӯён ва таъсири он ба сатҳу сифат, инчунин дигар омилҳои назаррас ҳадафи асосии баргузории семинар буд. Иштирокчиён аз таҷрибаи мутахассисони варзида баҳравар гардиданд. Сипас, иштирокчиёни семинар марбут ба муаммоҳои ҷойдоштаи методикаи таълими фан суолҳо пешниҳод карда, аз меҳмонон посухҳои мушаххас гирифтанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа



