Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо…

Поянда бод дӯстии халқҳои Тоҷикистону Қирғизистон!

Сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳал кардани масоили ҳудудии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон як гоми бузург аст.

 

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне

Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина

Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидаст.

Таърих гувоҳ аст, ки дар арсаи таърих

Тоҷик зи роҳи ҳасаду ҷаҳлу таассуб

Бар фарқи саре найзаю ханҷар накашидаст

Тоҷикистон ҳамеша бо дигар ҷумҳуриҳо, бахусус ҳамсоякишварҳои хеш муносибати дӯстона барпо намудааст. Баъди пошхӯрии собиқ Иттифоқи Шуравӣ ва истиқлол дарёфтани ҷумҳуриҳо баъзе масъалаҳо, аз қабили хати марз бо Ҷумҳурии Қирғизистон мавзуи баҳсу ихтилофназарӣ ва даргире гардид, ки натиҷаҳои манфӣ барои аҳолии маҳаллӣ ва амнияти минтақавӣ дошт. Бояд хотиррасон намуд, ки масъалаи хати марзӣ, ки дар замони Шӯравӣ муайян шуда буд, дар чанд марҳила сабабгори низоъҳо гардида буд:

  1. Ҷангҳои марзии солҳои 1990-ум

Масъалаи марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон баъд аз истиқлолияти кишварҳо (дар нимаи солҳои 1990-ум) шиддат гирифта, як қатор даргирҳои маҳаллӣ дар минтақаҳои марзии ду кишвар ба амал омад. Дар давраи баҳсҳои марзӣ, бо истифодаи қувваи низомӣ ва сарҳадбандиҳои номуайян, ду кишвар якчанд маротиба бо ҳам вориди низоъҳои хурд шуданд.

  1. Низоъҳои солҳои 2010-2014

Дар солҳои 2010 ва 2014 дар минтақаҳои Ворух (марзи байни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон), дар масъалаи истифодаи заминҳо, оби шӯр ва сӯиистифода аз манбаъҳои табиӣ ҳамдигарнофаҳмӣ ба миён омад. Дар натиҷаи ин низоъҳо, ҷонибҳо даҳҳо қурбонӣ ва ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.

  1. Шиддат гирифтани низоъҳо дар солҳои 2020-2021

Моҳи апрели 2021 як низоъ дар ҳудуди марзии миёни ду кишвар бо иштироки нерӯҳои ҳарбӣ ва шаҳрвандон шиддат гирифт. Дар ин даргирӣ, ду кишвар якдигарро барои саркӯбии марзии якдигар масъул карданд ва дар натиҷа даҳҳо нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд.

Низоъҳои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон бештар ба ду омил асос ёфтаанд:

  1. Масоили марзии таърихӣ: Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон дар замони Шӯравӣ бисёр минтақаҳо ва хати марзи номуайян доштанд.
  2. Масоили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ: Мушкилоти истифодаи захираҳои табиӣ, об ва заминҳо низ боиси даргирӣ байни аҳолии маҳаллӣ гардид.

Бо вуҷуди шиддат гирифтани даргириҳо, намояндагони Ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон дар пасзаминаи талошҳои дипломатии зиёд барои таъмини сулҳ ва барқарор кардани муносибатҳои дӯстона кӯшиш карданд.

Бо супориши муҳтарам Пешвои миллат мулоқоти Сарвазири мамалакат Қоҳир Расулзода, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии ҳар ду кишвар, инчунин вохӯрию мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Раиси вилояти Ботканд барномаҳои гуфтушунид ва созишномаҳо дар бораи марз таҳия гардида, бо кӯшишҳои дипломатӣ барои ҳалли масоили фойдошта заминаҳо фароҳам оварда шуд.

Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҳал шудани масоили ҳудудии сарҳадӣ миёни ду давлат нишонаи муҳим ва самараи сиёсати хирадмандона ва муносибати дӯстонаи ҳамсоякишварҳо мебошад. Ташаббуси нек ва сари миз нишастани сарони ду давлат аз иқдоми муҳим ва созанда дар таърихи муносибатҳои ду кишвар маҳсуб меёбад.

Сафари мазкур дар раванди таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва устувор кардани муносибатҳо дар миқёси минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти амиқ дошта, ба таҳкими субот ва рушди иқтисодии ҳарду кишвар мусоидат мекунад.

Сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳал кардани масоили ҳудудии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон як гоми бузург аст.

Муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар асоси эътимоди мутақобил ва дӯстии воқеӣ сохта шуда, дар ҷараёни мулоқотҳо ва музокирот, ду ҷониб таъкид карданд, ки барои расидан ба ҳалли ҳама масъалаҳои марзӣ, эҳтиром ба ҳуқуқу озодӣ арҷгузории тарафайн рафтори созанда ва дӯстона зарур аст. Дар баробари он 16 санади нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, илму маориф, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш ва ғ. ба имзо расонида шуд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҷодаи беҳтар кардани муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, истифодаи захираҳои табиӣ ва энергетикӣ, инчунин беҳсозии инфрасохтор ва ҳамкории иҷтимоӣ фаъолона кор мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони раёсатҷумҳурии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо бо Қирғизистон, балки бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ инчунин муносибатҳои устувор ва дӯстона барпо кардааст.

Бояд таъкид намуд, ки сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҳал шудани масоили сарҳадии байни давлатҳо як муваффақияти сиёсӣ аст, ки ҳамаи тарафҳо аз он баҳра мебаранд. Вақте ки сиёсат ва муносибатҳои давлатҳо дар асоси хирад, маърифат ва эҳтиром ба якдигар идора мешаванд, рушди устувор ва субот ба назар мерасад.

Поянда бод дӯстии халқҳои Тоҷикистону Қирғизистон!

Аслам Каримов

You might also like