Дӯстии халқҳои қирғизу тоҷик поянда бод!

Бори дигар сулҳ кардӣ ҷангро, Боз кардӣ ин гиреҳи тангро, Эй мурабби,эй абарустоди сулҳ, Бар ҷаҳон омуз ин фарҳангро!

Тамоми мардум бо чашми худ дид, ки Пешвои муаззами миллат барои таҳкими сулҳу субот, оромию амният, чӣ талошҳо менамояд…

Имрӯз инсоният бештар аз ҳама ба сулҳу дӯстӣ ниёз дорад. Маҳз муносибатҳои беғараз ва дӯстона метавонад дунёро аз вартаи нобасомониҳо наҷот бахшад. Дар ин робита иқдоми шоёни таҳсини муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров намунаи ибрат аст.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ба даст овардани пешрафти таърихӣ дар созишномаи марзӣ табрик гуфт. Вай роҳбарияти ҳар ду кишварро барои азми қавӣ ва иродаи сиёсӣ дар ба анҷом расонидани музокироти чандинсола ситоиш кард: «Дабири кулл умедвор аст, ки муколамаи созандаи байни ин ду кишвар идома ёфта, ба таҳкими эътимоди мутақобила, муносибатҳои некҳамсоягӣ ва ояндаи осоишта барои мардуми минтақа мусоидат хоҳад кард», – омадааст дар изҳороти сухангӯи ӯ Стефан Дюжаррик. Ёдовар мешавем, ки созишномаи ниҳоии марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 13 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек зимни сафари давлатии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон имзо шуд.

Сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат натанҳо муоширати байниҳамдигарии минтақаҳои гуногунро таъмин намуд, балки ба таҷрибаи ҷаҳонии ҳалли низоъҳо замина гузошт.

Ба хотири бори нахуст дар дунё бо роҳи мусолиҳатомез ҳал намудани низои мусаллаҳонаи дохилӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олӣ – медали тиллоии “Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо”-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият, ордени алмосдори “Ситораи сарпараст” – ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи “Сарпарастони аср”, ордени “Қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳи Масъуд”, ситораи ёқутии “Сулҳовар” сарфароз гардонида шуданд, ки аз маҳбубияти байналмилалии Пешвои миллат гувоҳ аст.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар шоҳид гардид, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат арзишҳои абадии инсоният – сулҳ, ризоят ва дӯстиро таҷассум намуда, ба хайрхоҳӣ ва ҳамзистии осоишта даъват менамояду дар ҷодаи таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии давлатҳо,

густариши фарҳанги сиёсӣ ва пешрафти дипломатияи муваффақона намунаи олии ибрату омӯзиш мебошад.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон бозкушои дарвозаи ҳамкорӣ ва дӯстӣ миёни ду кишвар ба ҳисоб меравад. Хоса ба имзо расидани 16 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун,аз ҷумла шартномаи таърихӣ оид ба сарҳади давлатӣ миёни ду кишвари ҳамсоя дастоварди бузурги таърихӣ аст.

Дар ҷараени ин сафар миёни Президентҳои ду кишвар изҳороти муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи риштаҳои дустӣ ва некуҳамсоягӣ байни Ҷумҳурияти Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қиргизистон ба имзо расид.

Сафари давлатии Пешвои миллат ҳамчун қулфкушои ҳама дарҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қиргизистон буда, ба таҳкими беш аз пеши робитаҳои дустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни ду кишвар, инчунин тавсеаи ҳамгироии минбаъда дар минтақа низ суръати тоза мебахшад.

Маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.

Пешниҳоди инсонмеҳвару ваҳдатофари Пешвои маҳбуби миллат аз сулҳпарвариву адолатгустарии ин абармарди арсаи сиёсату роҳи хирад гувоҳӣ медиҳад ва муждаи беҳтаринест барои аҳли башарият.

Ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту қадршинос ҷонбозиву заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллатро дарк менамояду ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда устуворона қадам мениҳад. Воқеан, дар замони муосири ҳассосу мураккаби ҷаҳон ва равандҳои пуртазоди геосиёсӣ истиқлолияту ваҳдат волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлат ба шумор рафта, пос доштани ин неъмати беназир, сабақ гирифтан аз таърихи ғанӣ, эҳтирому арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва мероси бойи сиёсиву маънавии роҳи давлатсозӣ вазифаи муқаддаси ҳар фарди қадршиносу шукргузор маҳсуб меёбад.

Боварӣ дорем, ки сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон минбаъд сарҳади дӯстии абадии ду кишвар ва ду халқи бародар боқӣ мемонад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like