Ҷаласаи корӣ бо намояндагони Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон
Санаи 06 марти соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – саркотиби илмии КОА Маъруфӣ Р. Н., мудири шуъбаи илмҳои ҷомеашиносӣ Каримзода М., мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои табиӣ – математикӣ ва техникӣ Гулзода А.Б. ва кормандон Азизов Ф.Г., Убайдзода А.З. ва Назарзода Н.Н. ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Нахуст, ректори Донишгоҳ доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, саҳми Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду нумўи илми тоҷик ва таваҷҷуҳи муҳтарам Пешвои миллатро дар ин ҷода муҳим арзёбӣ кард.
Сипас, саркотиби илмии КОА Маъруфӣ Р.Н. оид ба талаботҳо ва тағйиротҳои нав ба нави таҳқиқоти илмӣ, риояи Низомнома, доир ба бурду бохти пажўҳишот маърузаи пурмўхтаво намуд. Баъд аз он саволу ҷавоб байни устодони донишгоҳ ва намояндагони КОА баргузор гардид.
Маъруфӣ Р.Н. бо фармоиши Раиси Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми январи соли 2025 таъсиси ду Шурои нави диссертатсиониро муаррифӣ намуд, ки яке шурои диссертатсионии “6D070500 – Амсиласозии математикӣ ва компютерӣ ва 6D060102-Муодилаҳои дифференсиалӣ, системаҳои динамикӣ ва идоракунии оптималӣ” ва дигаре шурои диссертатсионӣ ҷиҳати дарёфти илмии доктори фалсафа (PhD)- доктор аз руйи ихтисоси 6D030100-Ҳуқуқшиносӣ (6D030101— Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат) ва барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқукшиносӣ аз руйи ихтисоси 12.00.00 Илмҳои ҳуқуқшиносӣ (12.00.01 Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат) мебошад ва ин таъсиси ду Шуроро дастоварди муҳими илмӣ арзёбӣ намуд.
Таъсиси Шуроҳои диссертатсионии мазкур бо мақсади омода намудани кадрҳои илмии баландихтисос дар соҳаи илмҳои дақиқ, риёзию техникӣ ва самти ҳуқуқшиносӣ, ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори илмии донишгоҳ аз ҳадафҳои авлавиятнок маҳсуб мегардад.
Раёсати донишгоҳ, садорати факултетҳо аз аъзоёни шуроҳои мазкур даъват ба амал меоваранд, ки дар интихоби мавзуъҳои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва мавзуъҳои ба иқтисодиёти Тоҷикистон марбут ва мутобиқи Стратегияи рушди Тоҷикистон то давраи соли 2030 ва барномаҳои давлатӣ ва консепсияҳои давлатӣ, хусусан барои дар амал татбиқ намудани супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзуъҳо вобаста ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 – «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» таҳия шуда, мавриди таҳқиқ қарор гиранд.
Бояд хотиррасон намуд, ки дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шурои диссертатсионии 6Д. КОА – 013 назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ки аз рўйи ихтисосҳои 6D050600 – Иқтисодиёт (6D050606 – Иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ) ва 6D051100 –Маркетинг (6D051101- Маркетинг), ҳамчунин барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм ва доктори илм аз рўи ихтисосҳои 08.00.03 – Иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ ва 08.00.10 – Менеҷмент, маркетинг ва нархгузорӣ (маркетинг) бо фармоиши Раиси Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, № 10/шд тасдиқ шудааст, «Шурои диссертатсионии беҳтарин» дониста шуда, дар тўли фаъолият дар Шурои диссертатсионӣ зиёда аз 60 нафар муҳаққиқони ҷавони донишгоҳ ва миқёси кишвар рисолаҳои номзадӣ ва докториро ҳимоя намудаанд. Мавсуф ин дастоварди назарраси илмиро ба кулли устодон ва кормандони донишгоҳ сипос ва муборакбод намуд.
Инчунин бо фармоиши Раиси Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 нафар устодони донишгоҳҳо, аз он ҷумла 15 нафар аз ДДҲБСТ сазовори унвони илмии дотсентӣ гардиданд, ки намояндагони КОА дипломҳоро ба таври тантанавӣ ба онҳо тақдим намуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа