Парчам – нишони ифтихор ва рамзи соҳибдавлатист

Инсоният дар таърихи худ рамзҳои гуногунро офаридааст. Дар байни онҳо рамзҳои сиёсӣ мақоми назаррас дошта, он нишони истиқлолият, иттиҳоду ягонагӣ ва қудрату тавоноии миллатро инъикос менамояд. Рамзҳои сиёсӣ аз қабили парчам, нишон, суруди миллӣ хоси давлатҳои муосир буда, он барои ҳар давлат эътибори қонунӣ ва соҳибистиқлолии онро инъикос менамояд.

Баъди қабули Қонуни асосӣ, ки ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва рамзу нишонаҳои давлатӣ аст ва нишонаҳои фарқкунандаю ифтихори мустақилияти Тоҷикистон мебошанд, муносибат ба тарзи ҳаёту сохти давлатдорӣ тағйир ёфт. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баробари дигар давлатҳо баъди соҳибистиқлолии давлатӣ соҳиби якчанд рамзҳо гардид. Мувофиқи моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Баробари он Пули миллӣ ва Забони давлатӣ аз муҳимтарин рамзҳои давлатӣ баҳисоб мераванд. Ин нишонаву аломатҳои номбурда ба рушду инкишофи худшиносии миллӣ, идеяи миллӣ ва тарзи ҳаёти иҷтимоию сиёсии мо таъсири амиқе расонид. Дар ҳақиқат рамзҳои сиёсӣ на танҳо нишони соҳибдавлативу соҳибистиқлолии мардуми кишвар, ҳамчунин он воситаи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Ҳамаи мо шоҳиди он ҳастам, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ бо талоши Пешвои миллат дар пойтахти кишвар Парчами баландтарин дар дунё қомат афрохт, ки он нишони ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Имрӯз парчами давлатӣ дар назди бинои Созмони Милали Муттаҳид ва якчанд созмонҳои байналмилалӣ парафшон аст. Он шаҳодати ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ будани Тоҷикистон дарак медиҳад. Дар зери парчами давлатӣ аксари сарварони давлатҳо (президент, монарх) ба вазифа шурўъ намуда, қасам ёд мекунанд, ки барои ватан ва халқ ҳамеша содиқ мемонанд. Яъне парчами давлатӣ муқаддасотест, ки таҳқир нисбати он дар аксарияти кишварҳои олам ҳамчун ҳуқуқвайронкунии ҷиноӣ дониста мешавад. Парчами дар якҷоягӣ бо гимн ва дигар муқаддасоти давлатӣ дар аксарияти кишварҳои олам, ҳамчун фарогири муқаддасоти миллат қабул карда мешавад. Дар аксари мавридҳо, вақте ки шаҳрвандони як давлат мехоҳанд нисбати дигар давлат эътироз ва норозигӣ баён намоянд, парчами онро ба таври расмӣ оташ мезананд.

Хушбахтона солҳои охир бо шарофати комёбиҳои варзишгарони тоҷикон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Парчами давлатӣ боло бардошта шуда, Суруди миллӣ садо дода мешавад. Комёбии имсолаи дастаи варзишгарон ва футболбозони ҷавони тоҷик сабаб гардид, ки борҳо Парчами миллӣ барафрохта шуда, Суруди миллӣ дар майдонҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ садо дода шуд.

Эҳтиром нисбати рамзҳои давлатӣ ва ҳамасола дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи Парчам боз ҳам барои боло рафтани ифтихору ғурури миллӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавонон мусоидат намуда, дар самти рушди давлатдории миллӣ замина мегузорад. Зеро, Парчам нишони сарфарозиҳои мардуми тоҷик, далели шуҳрату иқболи баланд ва шукӯҳафзои истиқлоли кишвар, инчунин баёнгари ормонҳои миллат мардуми бонангу номуси Тоҷикистони соҳибихтиёр мебошад.

Дар тамоми давраҳои таърихӣ гузаштагони миллати тоҷик нисбати Парчам эҳтироми хоса доштанд ва онро чун нишони озодиву қудрати давлатӣ ҳифз менамнуданд. Боварӣ дорам, ки дар садаи асри XXI миллати соҳибтамаддуну созанадаи тоҷик бо шарофати соҳибистиқлолӣ Парчами азизро ҳифз намуда, ба он чун муқаддасоти давлатӣ муносибат менамоянд. Орзуи онро менамоем, ки меҳру садоқати мардум ба Парчами миллӣ, ки рамзи эътиқоду имон ба давлату миллат, сарзамин ва тамаддуну фарҳанг аст, боз ҳам афзун  гардад.

Саидзода Ш.Ш. – н.и.с., дотсент, мудири

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like