Ҳушёру зирак бошем!

Мусаллам аст, ки Тоҷикистон пояҳои давлатдорӣ ва истиқлолияти миллии худро мустаҳкам намуда, минбаъд сиёсати мақсадноки худ созандагӣ ва бунёдкориҳои иқтисодию иҷтимоиро давом дода истодааст. Аз ин рӯ кулли тағйиротҳое ки дар мамлакат ба вуҷуд омаданд, бевосита  бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодаанд. Исботи  ин ҳама суханон аз он иборат аст, ки имрӯз ҳар як сокини мамлакат дарк кард ва фаҳмид, Тоҷикистон ба сӯи ояндаи нек қадамҳои устувор гузоштааст.

Албатта ҳамаи ин гулгулшукуфиҳо, муваффақиятҳо душманони бурунмарзии давлати Тоҷикистонро ором гузошта наметавонанд, бинобар ин онҳо махсусан пайравони ҳизби наҳзати исломӣ бо ҳар роҳ кушиш мекунанд, ки ба шуури динӣ, фарҳангӣ, сиёсиии мардуми миллатдӯсти тоҷик таъсири манфӣ расонида, худшиносии  миллати тоҷикро коҳиш диҳанд ва пояи давлатдории онро заиф гардонанд. Аммо чунин мақсаду маром ва рафтори душманони миллат билкулл хатост, зеро имрӯз Тоҷикистонро зиёда аз 132 давлати ҷаҳон мешиносад ва эътироф мекунад. Имрӯз онҳое, ки ба мақсади ҳифзи асолати миллии худ муқобилият нишон медиҳанд ва даст ба аслиҳаю вайронкорӣ мезананд, ба миллати худ ба ҷуз ғаму кулфат ва нороҳатиҳои зиёди моддию равонӣ чизи дигаре дода наметавонанд. Манзараҳои мудҳише, ки тавассути воситаҳои ахбори умум аз Сурия, Афғонистон, Ироқ, Яман, Нигерия ва дигар мамолики Шарқи Наздику Африқо пешкаш карда мешаванд, далели дурустии ин фикр аст.

Дар мулоқот бо сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ яке аз баромадашон Сарвари давлат чунин ибрози андеша намуда буданд: “Дар чунин шароити ҳассоси авзои байналмилалӣ моро зарур аст, ки доимо ҳушёру зирак бошем, ақлу хирад ва донишу таҷрибаи худро ба хотири тақвияти минбаъдаи давлатамон, ҳифзи марзу буми он, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини суҳу суботи комили ҷомеа сафарбар намоем”.

Пас, чунин саволе ба миён меояд,  кадом омилхо боиси хушунат ва ифротгароӣ дар чаҳон мешаванд?

Ин пеш аз ҳама, аз донишу ирода ва  тарбияи ҷавонон вобаста аст. Бояд кайд кард,  заминаи имконпазири афзоиши сафҳои ифротгароён ва террористон дар замони хозира асосан ҷавонони аз 18 то 27 сола ба шумор мераванд, ки  ба дараҷаи камолоти иҷтимоӣ ва пайдо кардани таҷрибаи ҳаётӣ  ва касбӣ нарасидаанд ва метавонанд ба осонӣ фирефтаи ин гуна равияҳои тундрави чаҳони имруза шаванд. Тоҷикистон дар роҳи рушди устувор масъалаҳои стратегии худро ба амал бароварда барои бунёди ҷомеаи муттамаддин кӯшиш ба харҷ дода истодааст, аз ин ру агар мо амнияти давлати худро таъмин карда натавонем, ҳеч гоҳ масъалаҳои стратегиро ҳалу фасл карда наметавонем. Мисоли одди дар паҳлуи мо кишвари Афғонистон ҷойгир аст, беш аз чиҳил сол мешавад, ки дар ин давлат муноқиша ва моҷароҳҳои сиёсӣ давом доранд, ки ҳамаи он метавонад амнияти давлатии Тоҷикистонро ноором созад. Ин гуна зуҳуротҳо аз ҳар яки мо ҳушёриву зиракӣ,  дониши диниву дунявиро талаб мекунад, то ки мо дар оянда фирефтаи гуруҳҳои нопоку ифротӣ  нашавем.

Имрузҳо давлатҳои хурду бузург манфиатҳои худро дар дигар давлату минтақаҳо меҷуянд,  ки  бо ин амалҳои худ сулҳу суботи ҷомеаи ҷаҳониро халалдор созанд. Мисоли онро дар ҳизби наҳзати исломӣ, ҳаракатҳо ва ташкилотҳои мухталиф дидан мумкин аст. Имруз инсониятро танҳо манфиат дар гирдоби чунин фитнаву ғавғо андохтааст, ки дар 40 нуқтаи олам муноқишаҳои мусаллаҳона идома доранд, ки дар он 30 давлати дунё бевосита ё бавосита ширкат доранд. Бинобар нооромии вазъият дар 60 давлати дунё такрибан 70 млн нафар манзили зист ва ватани худро тарк кардаанд.

Хушбахтона, қудрати давлат ва ҳисси рушанбинии мардум хеле афзун гардидааст, минбаъд  бояд мо ба он роҳ надиҳем, ки ягон намуд идеологияи харобовари ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ вориди фазои маънавии кишвари мо гардад.

Ҳочиев Н. – н.и.ф., дотсенти кафедраи

фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

You might also like