ЗАБОНОМЎЗӢ ВА РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ – ЯКЕ АЗ МАСЪАЛАҲОИ МЕҲВАРИИ ПАЁМ

Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд.

 Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28.12.2024 сол

Дар ҷаҳони муосири глобалӣ, донистани забонҳои хориҷӣ на танҳо як малакаи шахсӣ, балки як зарурат барои ҳар як миллат ва давлат мебошад. Забономӯзӣ на танҳо барои муошират, балки барои фаҳмидани фарҳангҳо, арзишҳо ва анъанаҳои миллатҳои дигар мусоидат мекунад. Ин омил дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим мебозад.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024, ки як ҳуҷҷати муҳимми стратегӣ мебошад, масъалаи забономӯзӣ ва нақши он дар рушди муносибатҳои байналмилалӣ мавқеи хосса дорад.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи забономӯзӣ ва нақши он дар рушди муносибатҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Забономӯзӣ ҳамчун омили калидӣ дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва пешбурди сиёсати хориҷии кишвар арзёбӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки донистани забонҳои хориҷӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон имконият медиҳад, ки дар арсаи байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, фарҳанг ва дастовардҳои миллиро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунанд. Инчунин, забономӯзӣ барои мутахассисони соҳаҳои гуногун имкони дастрасӣ ба манбаъҳои илмӣ ва техникӣ, ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷӣ ва иштирок дар барномаҳои байналмилалиро фароҳам меорад.

Дар Паём зикр гардид, ки барои рушди забономӯзӣ дар кишвар бояд шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Аз ҷумла, такмили барномаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони баландихтисос ва маводи таълимии зарурӣ, инчунин истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим муҳим мебошад. Бинобар ин аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад.

Бояд қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи ҷадиди такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисиро барои даҳсолаи 2020-2030 қабул намудааст, ки он такони қавӣ дар самти бунёди муҳити бисёрзабонӣ ва гуногунфарҳангӣ, инчунин омода намудани шахсиятҳои соҳибзабон ва соҳибфарҳанг дар Тоҷикистон хоҳад шуд.

Имрўзҳо муассисаҳои таълимӣ баҳри иҷрои бандҳои дахлдори «Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забони англисӣ барои солҳои 2020-2030» чораҳои мушаххас меандешанд. Дар кафедраи забонҳои хориҷӣ низ ҷиҳати тақвият бахшидани омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва баланд бардоштани сатҳи забондонии донишҷўён корҳои назаррас ба анҷом расонида мешаванд. Аз ҷумла, таҷдиди барномаҳои таълимӣ вобаста ба ихтисосҳо бо назардошти ташаккули салоҳияти сухангўии донишҷўён, такмили мундариҷаи маводи таълимӣ, ба самти сифатан нав гузоштани корҳои инфиродӣ ва мустақилонаи донишҷӯён, санҷиши сатҳи донишандўзии муҳассилин ва ҷалби онҳо ба курсҳои омўзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русию англисӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад.

Ба андешаи банда, ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони болаёқати забондон ва фароҳам овардани муҳити забондонӣ қироати адабиёти бадеӣ бо забонҳои хориҷӣ, тамошои филму намоишҳо баҳри ғановати захираи луғавӣ ва баланд бардоштани ҳавасмандӣ ва шавқи донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ мавқеи сазовор пайдо мекунад. Шунидани матн, ба маънои он сарфаҳм рафтан, нақл кардани муҳтавои чизи хондашуда аз рукнҳои асосии раванди таълим ва омўзиши забони хориҷӣ аст. Зеро пояи асосии суханварӣ ба ин ё он забон дар заминаи дарк кардан, фаҳмидан ва мавриди амал қарор додани чизи азхудшуда ҳусни матлаб пайдо мекунад. Махсусан омўзиши луғат, зарбулмасалу мақол, истифода аз воситаҳои бои услуби забон дар роҳи омўзиши забони англисӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар байни ҷавонон ишора намуда, таъкид карданд, ки ин на танҳо барои рушди шахсӣ, балки барои пешрафти умумии ҷомеа низ аҳамияти калон дорад. Ҷавонон бо донистани забонҳои хориҷӣ метавонанд дар барномаҳои табодули донишҷӯён, конфронсҳо ва семинарҳои байналмилалӣ иштирок намуда, таҷриба ва донишҳои навро ба кишвар ворид кунанд.

Дар маҷмӯъ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ нақши муҳимми забономӯзиро дар рушди муносибатҳои байналмилалӣ таъкид карда, барои татбиқи ин ҳадафҳо вазифаҳои мушаххасро пешниҳод намуданд. Татбиқи ин тадбирҳо ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва рушди ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои хориҷӣ мусоидат хоҳад кард.

 

Рустамзода Завқиддин Рустам,

номзади илмҳои сиёсӣ

You might also like