ТЕРРОРИЗМ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ИДЕОЛОГИЯИ ҶАВОНОН

Бадбахтона, дар замони муосир сафи ҷангиёни гурўҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони  ноогаҳу  бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасон ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду  мароми  хоҷагонашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогаҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст. Гурўҳҳои террористӣ бо ҳаракатҳои мудҳиши худ дар вуҷуди ҷомеаи ҷаҳонӣ ваҳму тарсро бедор намуда, бо ин роҳ заминае барои амалӣ намудани  ҳадафҳояшон  муҳайё карда  истодаанд.  Аммо, бояд таъкид намуд, ки  дар пайи ҳамаи ин ғаразҳои ғайриинсонӣ истодааст, ки ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд, зеро дар ҳастии башариат ва зиндагии воқеии инсонӣ ахлоқ аз ҳар чизи дигар муҳиму асосӣ ба ҳисоб меравад.

Имрўз ба иқтидори ҳарбӣ, тавоноии мудофиавӣ, ҷасорату матонати сохторҳои қудратӣ дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва  гурўҳҳои  ҷиноятпеша  шакку шубҳе нест. Ҳамлаи ноҷавонмардонаи террористии як гурўҳи  ҷинояткор  ҳеҷ  гоҳ фазои ором, сулҳу субот ва ваҳдати пойдори моро халалдор карда наметавонад. Имрўз тамоми гурўҳҳои террористӣ гўё мусулмонанду арзишҳои диниро ҳимоя мекунанд, чуноне ки гурўҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ”, ки дар қаламрави Сурияву Ироқ  фаъолиятҳои даҳшатовар мебаранд, амалиёти  ҷинояткоронаи худро ҳамчун “ҷиҳод” маънидод менамоянд, ки доғдор намудани дини муқаддаси мубини ислом  буда, маълумаст, ки бо дасти душманони дохилию хориҷӣ сурат мегирад.

Мафҳуми “Терроризм” маънии даҳшат, зўроварӣ, тарсу воҳима,  фитнаангезӣ ва нооромиро дошта, моҳиятан мақсадҳои зиддиинсонӣ дорад. Имрўзҳо терроризми байналхалқӣ бадномию фитнаангезиро дар зери ниқоби дини ислом ба амал оварда истодааст, ки ин аслан ба ислом ягон робитае надорад. Яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ва ташвишовар зиддиятҳои гурўҳҳои ифротгарои қавмӣ ва мазҳабӣ мебошад, ки дар бисёр  давлатҳои  ҷаҳон,  аз ҷумла Сурия, Ироқ ва Афғонистон, ки аксари аҳолиашон мусулмон мебошанд, муноқишаҳои мазҳабиро пеш бурда истодаанд.  Пайвастани  ҷавонон  ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва  экстремистӣ  асосан  аз рўйи омилҳои зерин, аз ҷумла маълумоти  динӣ  надоштан ва  воқиф  набудан  аз  дини мубини ислом (надонистани оятҳои Қуръони карим, ҳадисҳо ва аҳкоми шаръӣ), назорати сусти волидайн нисбат ба  фарзанд,  надонистани қонунҳои  татбиқкунандаи шаҳрвандӣ, таҳсили  ғайриқонунӣ ва нодурусти исломӣ дар  дигар  мамлакатҳои хориҷӣ, дар рўҳияи ҷавонон тарғиб  намудани  идеологияҳои  нодуруст  бо  мақсадҳои доғдор намудани дини муқаддаси  ислом,  инчунин бо  роҳҳои  истифодабарии маблағҳои пулӣ аз ҳисоби хоҷагони  хориҷӣ,  тарғиботу ташвиқоти ғайриқонунӣ бо ваъдаҳои  дурўғ  ва  истифодаи  маблағҳои  калон, маҳз ба сомонаҳои интернетӣ вобаста мебошанд. Дар  тўли  18  соли  охир ҲНИТ  ҳамчун  ҳизби  динӣ дар саҳнаи сиёсии кишвари мо  расман  амал  мекард. Масъулини  он  мехостанд Тоҷикистони соҳибистиқлолро  ба  сарчашмаи  террору зўроварӣ табдил диҳанд. Табиист, ки ин қувваҳо дар миёни  табақаҳои  ифротгарои ҷомеа такягоҳ меҷўянд, то ки ҳадафҳои геополитикӣ (маънояш, геозамин, политик сиёсат, яъне сиёсат дар рўйи замин) ва геостратегӣ (геозамин, стратегия ояндабинӣ, тарҳрезикунӣ,  яъне  ояндабинӣ  ва  тарҳрезикунӣ  дар рўйи замин)-и худро амалӣ гардонад. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 29.09.2015 сол ҲНИТ-ро ҳизби террористӣ эълон  намуд  ва  фаъолияти онро манъ намуд.  Ба ҳамаи мо он  айён  аст,  ки  ислом  ба ҳизб муҳтоҷ нест ва ягон муносибату вобастагӣ надорад. Мо, шаҳрвандони оддӣ ҳамеша шукронаи сулҳу суботро кунем  ва  аз  муносибатҳои пасипардагии  хоҷагони хориҷӣ огоҳ бошем. Хушбахтона, имрўз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қудрат ва нерўмандие, ки дорад, барои пешгирии амалҳои ифротии гурўҳҳои террористӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодааст.

Дар Консепсияи милли тарбия, ки мо омӯзгорон бештар аз он истифода мебарем мафҳум дар бораи тарбияи гуманистӣ оварда шудааст, ки   ин мафҳум дар  мафкураи донишҷӯ ба вуҷуд овардани эҳсоси дӯст доштан, эҳтиром кардан ва раҳму шафқат фаҳмида мешавад. Тарбияи гуманистӣ аз ғояҳои синфият ва инсонбадбинӣ орӣ аст. Он ба шаҳрванди кишвар имконият медиҳад, ки худро яке аз ҷузъҳои таркибии ҷомеа, миллат ва аҳли башар эҳсос кунад.

Тарбияи гуманистӣ дар ду сатҳ ба амал бароварда мешавад:

а) дар сатҳи эҳтироми ҳамсинфон, ҳамдарсон, хешу табор, ҳамватанон, ки дар байни онҳо намояндагони халқияту миллатҳои дигар ҳастанд:

б) муносибати хайрхоҳона доштан нисбат ба халқҳои мамлакатҳои дигари ҷаҳон.

Низоъ, ҷанг, муқобилистии зидди ҳамдигар ва амсоли ин инсониятро дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамроҳӣ мекард ва имрӯз ҳам ин зуҳурот аз ҷумлаи мушкилоти миллӣ, минтақавӣ ва умумибашарӣ мебошад. Тарбияи шахси башардӯт аввал дар оила оғоз ёфта, дар муассисаҳои таълимӣ ва  ҷойҳои ҷамъиятӣ идома меёбад. Башардӯст будани инсон ва шаҳрванд дар муносибат ба волидон, хешу табор, ҳамдарсон, омӯзгорон, ёру дӯстон, ашхоси ношинос, намояндагони халқу миллатҳои  ғайр зуҳур меёбад.

Донишманди маъруф Герберт Спенсер (Ҳерберт Испенсер) дар рисолаи хеш, ки ба мавзўи тарбия бахшидааст, чунин мегўяд: «Дониш бо хурофот сари адоват ва ситез дорад, вале бо дин душманӣ ва ситез надорад. Дар бисёре аз улуми табиии роиҷ дар асри мо руҳи динситезӣ вуҷуд дорад. Аммо дониши саҳеҳ ва дуруст ва дар сатҳи маълумоти фаротар рафта ва дар ҷарфноӣ ва умуқи ҳақоиқ (ҳақиқат) нишастааст, аз ин моҳияти динситезӣ барканор аст».

Омўзгоронро лозим аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ бобати масъалаҳои мазкур бештар диққат диҳанд. Ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбати терроризм, экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуби мавзўънок бедор намоянд. Ташкил намудани конференсияҳои тематикӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар доираи шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ҳаракатҳои қайдгардида, дар муассисаҳои таълимӣ зиёд карда шавад.

Зеро, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм натанҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандўсту инсонпарвар, ҳар шахси комилҳуқуқи ҷомеа аст.

Мо, ҷавонони даврони истиқлолият бо арзу эҳтиром ва ифтихор аз истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон изҳор  медорем,  ки  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  дўст  медорем  ва дар атрофи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ҳамчун занҷири пўлодӣ ба ҳам пайваст буда,  ҳатто  то  охирин  лаҳзаҳои ҳастӣ, ҳимоятгари сохти конститутсионӣ ва ормонҳои миллӣ боқӣ мемонем.

Ҳоҷибоева Муқаддас Абдуғаниевна

н.и.и.дотсенти   кафедраи менеҷмент ДҲБСТ

 

You might also like