ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ
Экстремизмро (аз лотинии extremus — ифротӣ) метавон ҳамчун пайравии афрод ё гурӯҳҳои алоҳида ба ақидаҳои ифротӣ, радикалӣ, ки ба ҳаёти ҷамъиятӣ (бештар ба соҳаи сиёсии он) дахл дорад, муайян кард.
Намунаҳои ифротгароӣ бо зӯрӣ тағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣ ва поймол кардани якпорчагии давлат, сафедкунии оммавии амалҳои террористӣ, барангехтани бадбинии дорои хусусияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ дошта буда ба амнияти ҷомеа таҳдид мекунанд, ҳуқуқ ва озодиҳои бисёр шаҳрвандонро вайрон мекунанд ва барои ин заминаи возеҳи идеологӣ доранд.
Мубориза бо ифротгароӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” таҳти рақами № 1655 ш. Душанбе, 2 январи соли 2020 танзим шуда, дар ду самт амалӣ карда мешавад:
- гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда оид ба пешгирии фаъолияти экстремистӣ;
- ошкор, пешгирӣ ва рафъи ифротгароӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” экстремизм – ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст, мебошад.
Терроризм бошад (аз лотинӣ terror – тарс, даҳшат) идеологияи зӯроварӣ ва амалияи таъсиррасонӣ ба қабули қарорҳои созмонҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ мебошад, ки тавассути тарсонидани аҳолӣ ва (ё) бо шаклҳои дигар аз амалҳои зӯроварии ғайриқонунӣ амалӣ карда мешавад.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» терроризм – мафкураи зӯроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зӯроварии ғайриқонунӣ алоқаманд мебошад
Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ терроризм ва экстремизмро чунин маҳкум кардаанд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
Унсури асосии терроризм ин тарсест, ки террористон тавассути амалҳои ногаҳонии худ дар ҷомеа паҳн мекунанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Барои пешгирии амали террористӣ амалиёти зиддитеррористӣ гузаронида мешавад. Дар ҳудуди татбиқи он метавонад барои шаҳрвандони оддӣ бо мақсади нигоҳ доштани амният низоми махсуси маҳдудкунандаи ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шавад. Шахси воқеӣ, ки дар амалӣ намудани фаъолияти террористӣ гунаҳкор дониста шудааст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
Борҳо дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зарурати мубориза бар зидди терроризму экстремизм таъкид шудааст, ки дастури амали ҳар фарди солимфикри ҷомеа бояд бошанд.
Ин буд, ки санаи 1 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии онро бо фармони хеш таҳти №187 тасдиқ намуданд.
Стратегия мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.
Мафҳумҳои “экстремизм” ва “терроризм” бо ҳам алоқаманданд. Терроризм қисми таркибии экстремизм, яке аз намудҳои зуҳуроти он, ки бевосита бо зӯроварӣ ё таҳдиди зӯроварӣ ва таъсир ба давлат алоқаманд аст. Экстремизм бошад, васеътар аст: он инчунин фаъолиятеро дар бар мегирад, ки зӯроварӣ нест, аммо ба ҳар ҳол ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро бо сабаби идеологӣ вайрон мекунад (масалан, айбдоркунии ошкоро бардурӯғи шахси ивазкунандаи вазифаи давлатӣ).
Ҳам терроризм ва ҳам экстремизм ба ақидаҳои радикалӣ ва зӯроварии таҳдидкунанда ё амалияҳои он, ки одамони дигарро бо ягон аломат табъиз мекунанд ва ба ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд, пойбанд мебошанд.
Ба ақидаи олимоне, ки ин падидаро таҳқиқ мекунанд, экстремизм як падидаи возеҳ ва ягона нест, балки тамоюли худтараққӣ дорад. Он қариб дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ зоҳир мешавад: дар соҳаи муносибатҳои иқтисодӣ, байнимиллӣ, динӣ ва ғайра. Намудҳои гуногуни экстремизм мавҷуданд: иқтисодӣ, сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, экологӣ, маънавӣ ва ғайра.
Байни навъҳои дар боло зикршуда хати возеҳ кашидан хеле душвор аст, зеро онҳо метавонанд якҷоя амал намуда якдигарро такон бахшанд. Албатта, ин намудҳои номбаршуда низ ниҳоӣ нест, зеро вақт ва тағйироти дар ҷомеа руҳдода намудҳои нави экстремизмро ба вуҷуд меоранд ва меъёрҳои муттаҳидшавии экстремизм ба ин ё он гурӯҳ ба таври возеҳ то ҳол муайян карда нашудаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ифротгароӣ босуръат “ҷавонтар мешавад” ва бештар ҷинояткорон ҷавонони 15-25-сола мебошанд (ки ин махсусан ташвишовар аст). Имруз технологияҳои муосири иттилоотӣ дар баробари осон намудани фаъолияти корӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт, ҳамчунин шаклу намудҳои гуногуни расонидани хатару зарарро ба худи инсоният эҷод менамоянд. Махсусан, гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаҳои иҷтимоии интернет, дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои нодурусти динӣ ва тундгароиро паҳн карда, онҳоро ба қатлу куштор ва ноором сохтани суботу оромӣ ва амнияти давлат ташвиқ менамоянд. Ҳам экстремизм ва ҳам терроризм қувваҳои харобиовари ҷамъиятӣ мебошанд, ки ба шуури пайравони худ таъсири манфӣ мерасонанд ва ба рафти фаъолияти муқаррарии одамони дигар халал мерасонанд.
Аз ин лиҳоз, ҷавонони кишвар ҳангоми ворид шудан ба фазои интернет ҳамеша бомаърифату бомулоҳиза, ҳушёру зирак ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ, субботи сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои кишвар омода бошанд. Зеро, манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти давлат аз дигар манфиатҳо волотару афзалтар маҳсуб мешаванд.
Экстремизм ва терроризм на танҳо кори шахсии одамоне мебошанд, ки дар зиндагӣ бо он рӯ ба рӯ шудаанд, балки кори ҳар яки мост.
Ҷавонон, ки табақаи асосӣ ва созандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, нақши онҳо дар таҳкими сулҳу суббот, муқовимат бо терроризму ифротгароӣ ва рушду тараққиёти кишвар хело муҳим мебошад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои инноватсионӣ тамоми ҷавонони кишварро даъват менамоям, ки таърих, забон, фарҳанги миллӣ, рамзҳои давлатӣ ва анъанаҳои неки гузаштаи худро омӯзанд ва ба онҳо арҷ гузорем.
Валиева Назирахон Мухторхоновна,
муаллими калони кафедраи кори бонкӣ