ҶАВОНОН-НЕРӮИ БУНЁДКОР ВА СОЗАНДА
Маълум аст, ки дар ҳамаи давру замон башарият дар ҷодаи давлатдориву давлатсозӣ ба маҷмӯи андешаҳои созандаву бунёдкорӣ ва таккондиҳанда ба сӯи пешрафт ва фардои дурахшон ниёз дорад. Кулли андешаҳои бунёдиву нусратбахш аз тафаккури солим, ниҳоди муътамад, неруи ҳастибахш, дар заминаи андешаҳои миллӣ бо дарбаргирии заминаҳои фарҳангӣ шакл мегирад. Ҷиҳати баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, бедории воқеии миллӣ, сатҳи зебоишиносӣ ва маънавиёту созандагию бунёдкории ҷавонон, ҳисси ифтихори миллӣ аз дастовардҳои давраи Истиқлолият, тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ, фароҳам овардани имконияти васеъ қонеъ гардонидани талаботи маънавӣ ва густурда сохтани нақши ҷавонон чун нерӯи созандаи ҷомеа ва азму талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззам, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфтаанд, ки роҳи моро ба сӯи ояндаи дурахшон, зиндагии шоиста, давлати милливу ваҳдати пойдор, ҳамдигарфаҳмиву ҳамбастагӣ пайваста равшан гардонад.
Воқеан, аз баракати истиқлолияти давлатӣ имрӯз ҷаҳонбинии ҷавонон куллан таъғир ёфта, сатҳи одобу маърифат ва муносибати онҳо ба зиндагӣ, иштироки онҳо дар корҳои давлату ҷамият ба маротиб беҳтар шудааст.
Далели ин гуфтаҳоро метавон дар ташаббускориҳои ҷавонони миллатамон дар рушди тадқиқотҳои илмӣ мушоҳида кард.
Шарафи бузург аст, ки мардуми саодатманду сарбаланд ва созандаву бунёдкори Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз дар фазои амну осоиш ва пешрафту шукуфоӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаву нусратбахши Президенти маҳбуби кишвар зери ливои сулҳу ваҳдат ва ҳамдилию ҳамраъйии сартосарӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафи бузурги миллатсозиву давлатдорӣ қадамҳои устувор гузошта истодаанд.
Талошҳои пайгирона ва иқдомоти оқилонаву хештаншиносонаи ҷавонон дар робита ба амалӣ намудану пиёдагардонидан, бо мақсади боз ҳам фаъол гардонидани нақши фаъолияти ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа зиёда аз даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуд, ки он барои муттаҳид намудани ҷавонон, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагию бунёдкории онҳо роҳи боз ҳам васеъ кушодааст.
Дар воқеъ, таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари хирадманду маърифтапарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эъмори давлати миллӣ ва мустаҳкамнамоии пояҳои давлатдорӣ дар роҳи ҳалли на танҳо муаммову мушкилоти имрӯзаи давлат нигаронида шудааст, балки бар асоси ғояҳои сулҳҷӯию ваҳдатгароӣ, худшиносиву ватандӯстӣ, эҳёи хотираи таърихӣ, муаррифии шоистаи арзишҳои миллӣ, пешбарии ташаббусҳои ҷаҳонӣ мактаби беназиру пурганҷи сиёсии хешро баҳри ҷавонон ва мардуми Тоҷикистон бунёд намудааст, ки ҳамчун неруи бахтовар ва ниҳоди созанда мудом дар хизмати мардум пайи тадбир ва иқдомоти шоиста аст.
Ҳамзамон, бо мақсади дар амал татбиқ намудани қонуну барномаҳои ба самти ҷавонон бахшида шуда, давра ба давра, яъне, “Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон”, “Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон”,“Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд.
Ҳамаи ин ба хотири дастгирии ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷавонон ва ояндаи дурахшони онҳо равона карда шудааст. Таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҷавонон имрӯз ба яке аз масъалаи рӯзмара ва ҷолиби диққат арзёбӣ мешавад, чунки имрӯзу фардои ҷомеаи мутараққӣ ва рушду инкишофи он аз ҷавонон вобастагии зиёд дорад.
Дар ин роҳ маҳз барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар партави сиёсати хирадбунёду маърифатпарвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷавонон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба омӯхтани таърихи гузаштагони худ, ки яке аз омилҳои муҳим ва муфид дар тарбияи ватандӯстӣ ва рӯҳияи хештаншиносию худогоҳии миллӣ ба камол расонидани идомадиҳандагони иқдомоти шоиста ва соҳибони ин мулки куҳанбунёд-ҷавонон мебошад, тавассути баргузор намудани озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз қабили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Тоҷикон оинаи таърихи миллат”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Маснавихонӣ”, “Шоҳномахонӣ” ва даҳҳо тадбирҳои муҳим ҷалб намуда, дар ниҳоди фарзандони худ аз хурдсолӣ парвариш намудани ҳисси ватандӯстӣ бо роҳи таълими афкори ватанпарваронаи бузургон ва ҳифозати таърихӣ дар таҳкими заминаҳои андешаи миллӣ ва ҳисси худшиносии миллии ҷомеа саҳми муносиб мегузорад.
Донишмандону ҷомеашиносон бар он назаранд, ки таърихи тамаддун ва дастовардҳои арзандаи кишварҳои абарқудрату мутамаддин собит менамояд, ки омӯзондани насли ҷавон, фароҳам овардани имконоти ташаккулёбӣ ва муҳайё намудани омилҳое, ки ба рушди зеҳнию ҷисмонии онҳо замина мегузорад, асоси рушду пешрафти ҳар кишвар маҳсуб меёбад. Аз баски насли ҷавон ба сифати як неруи пуриқтидори бунёдкору пешбаранда эътироф шудааст, мақоми сиёсиву иҷтимоии он низ на фақат неруи демократи давлатҳо, балки хусусиятҳои таҳавулот, стратегияи тарақиёт ва ояндаи кишварҳо риоя мекунад.
Вобаста ба ин давлату ҳукуматро лозим аст, ки таваҷҷуҳи худро ба ин қишри осебпазири ҷомеа, яъне, ҷавонон боз ҳам зиёд намояд, чунки дар ҷаҳони муосир ва глобализатсия равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд, алалхусус ба насли ҷавон. Мо набояд фаромӯш созем, ки имрӯзу фардо ва пасфардои Ватани азиз дар дасти ҷавонони ватанпарвар ва суботкорону ояндасозон аст.
Ҳафизова Парвина Абдувоситовна,
муаллими калони кафедраи кори бонкӣ