Баргузории ҷаласаи васеи ҷомеаи меҳнатии ДДҲБСТ таҳти унвони «Паём раҳнамо ва дастурамали мост»
Санаи 18 январи соли 2025 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ доир гардид. Дар кори ҷаласа ректор, муовинони ректор, деканони факултетҳо, роҳбарони сохтору бахшҳо ва устодону кормандони донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар оғоз, ректори донишгоҳ доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. дар ҳошияи ироа гардидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, таҳлили бурду бохти ин соҳа ва пешниҳоди дастуру ҳидоятҳои созандаро сиёсати фарҳангӣ ва маърифатии роҳбарияти олии мамлакат арзёбӣ намуда, таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлатро нисбат ба маориф ва рушди илму инноватсия таъкид намуд.
Дар ҷаласаи мазкур муовинони ректор оид ба таълим, илм, тарбия, оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва молиявиву хоҷагидории донишгоҳ, доир ба фаъолияти нимсолаи аввали соли таҳсили 2024-2025 ҳисобот доданд.
Сипас, роҳбари донишгоҳ вазъи таълим дар донишгоҳро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, камбудиҳои ҷойдоштаро дар ин самт таъкид намуд ва ҷиҳати бартараф намудани он ба раёсати таълим, бахши идоракунии сифати таҳсилот, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо супоришҳои мушаххас дод.
Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. дар самти корҳои илмиву таҳқиқотӣ таъкид кард, ки бояд ҳар нафари дар донишгоҳ фаъолиятбаранда корҳои илмӣ- таҳқиқотиро анҷом диҳад. Аз иштирокчиёни ҷаласа даъват ба амал оварда шуд, ки ҳарчи зудтар мавзуъҳои кори илмии хешро пешниҳод ва тасдиқ намуда, дар муддати муайянгардида ҳимоя намоянд.
Масъалаи дигаре, ки роҳбари донишгоҳ ба он таваҷҷуҳ намуд, фаъолияти самти тарбиявии донишгоҳ буд. Иброз шуд, бояд донишҷӯён ба таври ҳамешагӣ талаботу қоидаҳои дохилидонишгоҳиро иҷро намоянд. Масъалаҳои бо сару либоси тавсиявӣ омадани донишҷӯён, истифода набурдани телефонҳои мобилӣ, дермонӣ ба машғулиятҳо, муносибати устоду шогирд, дарсшиканӣ, ҷалби донишҷӯён ба чорабиниву маҳфилҳои гуногуни омӯзишӣ ва тарбияи ахлоқиву баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо мавриди таҳлили кори ҷаласа буд.
Дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ таъкид шуд, ки тибқи шартномаҳои баимзорасида бо ҳамкорони байналмилалӣ, фаъолият густариш бахшида шуда, ҷиҳати дарёфт ва татбиқи лоиҳаҳои грантӣ кӯшиш ба харҷ дода шавад. Бахусус, барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ ва гузаронидани он омодагии ҳамаҷониба бинанд.
Роҳбари донишгоҳ зимни таҳлили самти молиявиву хоҷагидории донишгоҳ таъкид намуд, ки дар шароити буҳрони иқтисодӣ мо бояд амволи донишгоҳро сарфакорона истифода намоем. Ҳамчунин, ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ, ҷиҳати тақвияти корҳои созандагӣ ва насби шиору овезаҳо дар саҳн ва атрофи биноҳои донишгоҳ ба масъулин вазифаҳои мушаххас дода шуд.
Ҷаласа бо мулоҳизаронӣ ва вазифагузориҳо хотима ёфта, роҳбари донишгоҳ ҳайати профессорону омўзгоронро муваззаф намуд, ки дар ҳар се самт – илм, таълим ва тарбия барои омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ҳамаҷониба кўшиш ба харҷ диҳанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа