Паёми Президенти кишвар – қутбнамои сиёсати давлат
Дар Маркази таҳлили равандҳои сиёсӣ, ҳамгироӣ ва дипломатияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқї мизи мудаввар дар мавзуи ” Паёми Президенти кишвар – қутбнамои сиёсати давлат” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур декани факултети сиёсатшиносӣ ва МБ, н.и.ф., дотсент Майнусов Д.М., директори Маркази таҳлили масъалаҳои сиёсӣ, ҳамгироӣ ва дипломатия, д.и.с., профессор Акмалова М.А., мудирони кафедраҳо, омўзгорон ва муҳассилини факултети мазкур иштирок доштанд.
Чорабиниро директори Марказ, профессор Акмалова М.А. ҳусни ифтитоҳ бахшида қайд кард, ки Тоҷикистон дар марҳилаи нави тараққиёт қарор дошта, ба амалї шудани стратегияву барномаҳои давлатӣ, роҷеъ ба иқтисодиёту иҷтимоиёт ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Инчунин, оид ба вазъи ноороми минтақаҳои гуногуни олам, ки аз ҷониби Сарвари давлат қайд шуда буд, ибрози ақида намуд. Иброз гардид, ки низоъхо ва нооромиҳои кишварҳои гуногун моро водор месозад, ки аз вазъи ҳодисаҳои нохуш, ки ба рушди иқтисоди кишвар таъсири манфии худро мерасонад, эҳтиёт бошем ва ба суханони Сарвари давлат тадбирҳои заруриро рӯи кор орем.
Сипас, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ Яқубов Ҷ.К. дар мавзуи “Таҳкими истиқлолияти давлатӣ – суботу амнияти миллӣ, мудири кафедраи таърих ва диншиносӣ, дотсент Ҳомидова Манзура, мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, дотсент Саидзода Шӯҳрат, омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ Комилов Мирзокомил ва раиси занони факултет, муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ Мирмаматова Райҳона оид ба самтҳои мухталифи Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ ва баромад намуданд.
Дар анҷом, аз ҷониби устодони факултет оид ба мавзуи баррасигардида баҳсу музокирот баргузор гардид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа