Изҳороти кафедраи назарияи иқтисодӣ нисбати акти террористӣ дар дидбонгоҳи сарҳадӣ
Тавре аз расонаҳои расмӣ маълум гардид, субҳи 6-уми ноябри соли ҷорӣ аз тарафи як гурўҳ мухолифон ба дидбонгоҳи марзии шумораи 4-и «Ишқобод», қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳамлаи террористона анҷом доданд. Дар натиҷа ду нафар аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳалок шуда ва дар натиҷаи зудду хурд 15 нафар террористон маҳв гардида, боқимонда 5 нафарашон дастгир шуданд.
Аз маълумоти дастгиршудагон онҳо мехостанд аз дидбонгоҳ яроқро гирифта сўи марказ равон шуда, дар шаҳри Душанбе шабохун заданӣ буданд. Лекин аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ин амал террористӣ пешгирӣ карда шуда, онҳо ба мақсади худ нарасиданд.
Маҳз ба туфайли шуҷоати кормандони мақомотҳои қудартӣ ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон акти террористӣ безарар гардонида шуда, амнияти ҷомеа таъмин карда шуд. Терроризм ва экстремизм аз зумраи амалҳои номатлуби замони муосир ба ҳисоб рафта ба ҳамаи аъзоёни ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.
Аҳли устодони кафедраи
назарияи иқтисодии ДДҲБСТ