Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ  

Имрӯз, 28 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе, дар бинои наву пуршукӯҳи Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» баромад намуданд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки раҳнамои рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат мебошад, тамоми кормандон ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар маҷлисгоҳҳову толор ва синфхонаҳои барҳавои панҷ бинои таълимӣ сарҷамъ гардида, дастаҷамъона тамошо карданд.

Воқеан, ироаи Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, он инъикоскунандаи муваффақияти имрӯза ва дурнамои рушди ояндаи кишвар маҳсуб меёбад. Паёми Пешвои миллат раҳнамои рушди устувори кишвар ба ҳисоб рафта, амалӣ намудани нуктаҳои асосии он барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа ва боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Чун ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, саноат, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳукуқу тартибот, рушди муносиботи дўстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро муайян намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Инчунин, Пешвои миллат зимни баромади худ дар соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, қайд карданд, ки бунёди миллат аз соҳаи маориф оғоз ёфта, ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободии давлат ва ватан мебошад.

Сарвари давлат ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030  “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шавад. Ҳамчунин ҷиҳати андешидани тадбирҳои муассир дар рушди иқтисодиёти рақамӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷорӣ намудан ва васеъ истифода бурдани технологияҳои муосир, таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, ҳавасманд намудани фаъолияти навоварӣ, дар истеҳсолот васеъ истифода бурдани технологияҳои инноватсионӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон дар ин ҷода, аз ҷониби Пешвои миллат баён гардид.

Ҳамин тариқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз музаффариятҳои соли 2024 ва даврони соҳибистиқлолии кишвар ёдовар шуда, сиёсати минбаъдаи дохилӣ ва хориҷии мамлакатро дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқ муайян намуданд.

Дастгирӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат нисбати кормандони соҳаи илму маориф эҳсос мегардад ва баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи маориф ба 20%, ки дар Паём таъкид шуд, аз таваҷҷуҳи Роҳбари давлат гувоҳӣ медиҳад. Аз ироаи Паёми навбатӣ кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ масъалаҳои вобаста ба соҳаи мазкурро, ки дар Паёми Сарвари давлат баён гардид, мавриди омузиши амиқ қарор дода, дар амалинамоии он саҳмгузорӣ менамоянд.

 

                                                                                                   Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

 

 

 

 

You might also like