Иҷлосияи тақдирсоз-оғози дастовардҳои миллӣ

 Имрӯз санаи 14-уми ноябри соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Президент, 27-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами миллӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид. Ҳамоиш “Иҷлосияи тақдирсоз-оғози дастовардҳои миллӣ” унвон дошта, олимону донишмандон ва намояндагони мақомоту идораҳоро ба ҳам овард.

Конференсияро муовини ректор Ҳаким Ғаюров ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки марҳилаи асосии таърихи сулҳ ва ваҳдати миллӣ аз Иҷлосияи XVI Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҳайси раиси он интихоб шудани фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Барқарор ёфтани ҳукумати қонунӣ, кўшиши ба роҳ мондани гуфтушуниди байни ҳукумат ва мухолифин, ниҳоят Изҳороти Раиси Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба барқарор намудани сулҳ дар кишвар аввалин иқдоми ҷиддӣ дар роҳи ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбанд.

Сипас, ходими давлативу ҷамъиятӣ Абдуҳаким Шарипов вобаста ба нақшу мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оромиву сулҳи тоҷикон маърӯза намуд.

Дар идомаи конференсия маърӯзаҳои устодону донишҷӯён – Ҷамшед Тюраев дар мавзӯи “Қадамҳои нахустини Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ”, Дуст Дустов бо номи “Аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи навини Тоҷикистон”, унвонҷӯи кафедраи сиёсатшиносӣ Наргиса Ҳошимова зери унвони “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқароршавии сулҳи тоҷикон” ва донишҷӯ Мирзокомил Комилов дар мавзӯи “Парчам-барангезандаи эҳсоси ҷавонон” баромад намуданд. Зикр гардид, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар мисоли рўзгори пуртаззоди худ шахсияти наҷотбахш ва тавоное дарёфт, ки ба шарофати хидматҳои таърихӣ роҳи наҷотро ба даст овард. Ин фарди наҷотбахш фарзанди барўманди халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва бо ифтихор иқрор мешавем, ки бо шуҷоату мардонагӣ ва ҷуръати сиёсӣ хушбахтӣ ва саодатмандии халқи тоҷикро таъмин карданд.

Ба истиқболи ин санаҳои муҳими таърихӣ дар кафедраву факултетҳои донишгоҳ низ чорабиниҳо доир гардиданд. Дар кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносӣ бахшида ба Рӯзи Президент, 27-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами миллӣ семинари илмӣ-назариявӣ, дар кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти факултети инноватсия ва телекоммуникатсия мизи мудаввар таҳти унвони “Пешвои мо-ифтихори мо”, дар кафедраи молия ва қарзи факултети молия семинари тарбиявӣ бо номи “Иҷлосияи тақдирсози миллат” ва дар факултети бизнес ва идоракунӣ ҷаласаи васеи Шӯрои бонувон ва духтарон баргузор гардиданд.

Ҳадафи баргузории ҳамаи чорабиниҳо бахшида ба санаҳои муқаддасу гиромӣ аз гузашта сабақ гирифта, таҳти сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нав қадамҳои устувор гузоштан ва ба хизматҳои шабонарӯзии эшон арҷ гузоштан маънидод гардид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like