Изҳоротои кафедраи сиёсатшиносӣ нисбати сафари бобарори Пешвои миллат

Ҳалқаҳои зиддимиллӣ, ки дар  муҳити оворахонаҳои Аврупо хайма задаанд, аз ҳар дастоварди давлатдории муосири тоҷикон дар самти сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ҳангомаи нораво паҳн мекунанд ва онро мо шаҳрвандони баору номусдори мамлакат сахт маҳкум менамоем. ТЭТ ҲНИ анакнун зери ниқоби Паймони миллӣ баромад мекунад худ як гуруҳи ифротӣ ба ҳисоб рафта, ба ғайри туҳмату ҷангандозӣ дигар кори дурусте надорад.
Қайд кардан лозим аст, ки сокинони мамлакат шабу рӯз барои гул-гулшукуфтани Ватани азизамон меҳнати пурсамар доранд. Дар айни хол Тоҷикистон ба кишвари абарқудрати минтақавӣ табдил ёфта истодааст. Масалан: НОБ-и Роғун сохта шуд; созмони муътабари «Дуинг бизнес» номи кишварро дар қатори кишварҳои даҳгонаи беҳтарин бо шароити мусоиоди сайёҳӣ ном мебарад; варзишгарони мо қаҳрамони ҷаҳон гардидаанд. Дар айни ҳол бо итмоми комил гуфтан мумкин аст, ки тоҷику тоҷикистонӣ давлатии  обод ва озод дошта, қудрати ҳимояи халқи худро аз хоинони давлат дорад.
Мо устодони кафедраи мазкур боварии комил дорем, ки сафари Пешвои миллат ба Аврупо ба рушди иктисодию иҷтимоии кишвар ва баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар иқтисодиёти ҷахонӣ таъсири устувор мегузорад. Сафари бобароро орзумандем.
Аҳли устодони кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ
You might also like