Чорабинии тарбиявӣ дар мавзуи «Дарки дурусти меъёрҳои дини мубини ислом – роҳи пешгирии зуҳуроти бегонапарастӣ”
15 октябри соли 2024 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсия, бо мақсади пешгирии зуҳуроти бегонапарастӣ, гаравиш ба ташкилоту созмонҳои ифротгаро ва таассуби динӣ, ҷалби донишҷӯён ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва тарбияи онҳо дар руҳияи ифтихори миллӣ чорабинии тарбиявӣ дар мавзуи «Дарки дурусти меъёрҳои дини мубини ислом – роҳи пешгирии зуҳуроти бегонапарастӣ» ташкил ва баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндаи раёсати донишгоҳ, мудири шуъбаи тарбия Маъруфҷон Ҳасанов, имомхатиби Масчиди Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд Муллохўҷамир Хўҷамиров, декани факултети ҳуқуқшиносӣ, н.и.ҳ., дотсент Шўҳрат Кенҷаев, муовинони декан ва мудирони кафедраҳо, омўзгорон ва донишҷўёни факултети мазкур иштирок ва баромад намуданд.
Зимни маърузаҳои баромадкунандагон зикр шуд, имрўз яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳуриамонро ба ташвиш овардааст, ин зуҳуроти бегонапарастӣ буда, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.
Ҳадафи ташкили чорабинии мазкур ин таблиғи ҷавонон ба ватандўстиву ифтихори миллӣ ва ташаккули ҳувияту худшиносӣ буда, ҷавонон имрўз бояд бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот равона созанд.
Дар интиҳо изҳор карда шуд, ки ташкили мулоқоти судманд дар мавзуъҳои мубрам бо доираи васеи устодону донишҷӯён омили муҳим дар роҳи пешгирии зуҳуроти номатлуб маҳсуб ёфта, минбаъд низ ташкил ва баргузор карда мешаванд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа