Аз нигоҳи фалсафа…
Мулоҳизаҳо оиди пешниҳоди Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар Самити Оянда.
Аз минбари баланди Созмони Миллаи Муттаҳид аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон садо додани пешниҳоди ҷасурона “Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” боиси сарфарозӣ ва ифтихори халқи тоҷик мебошад.Чунин иқдоми нек ва пешниҳоди оқилона барои бартараф намудани ҷангҳои хатарноки ҷаҳонӣ саривақтӣ буда, аз он дарак медиҳад, ки сулҳ арзиши бузург аст, сарварони давлатҳои сулҳдӯст нисбати тақдири мардумони ҷангзадаи олам, ки хеле азият мекашанд бетарф нестанд.
Дар суханрониҳо доир ба мавзӯҳои гуногун, дар Паёмҳои ҳарсола Пешвои Милат Эмомали Раҳмон аз ибтидои ба сари қудрат омаданашон то имрӯзҳо масъалаи сулҳ, ваҳдат, фарҳанг, худшиносӣ мавқеи меҳвариро ишғол менамояд. Бо имзои созишномаи сулҳи байни тоҷикон, ки аз ҷониби сарвари мамлакат, Пешвои миллат Эмомали Раҳмон таҳрезиву амалӣ гаштааст, сулҳу ваҳдати тоҷикон чун падидаи нави ибратбахш ба ҳисоб меравад, ки дар сиёсати ноороми тағйиротҳои глобалии ҷаҳони имрӯза аҳамияти беандоза дорад. Мазмуни фалсафию мантиқии сулҳ: муносибати сиёсии байни давлатҳо новобаста аз сохт ва режими идоракунӣ, ҳамзистии осоишта байни онҳо, эътироф ва эҳтироми соҳибистиқлолии давлатҳои ҳамсоя, истиснои ҷанг барои ҳалли масъалаҳои баҳсталаби тақсими масоҳат, сарватҳои табиӣ, роҳандозӣ намудани муносибатҳои дуҷонибаи сиёсиву иқтисодӣ бо назадошти манфиатҳои ҳарду ҷониб, ваҳдат, якдилӣ, якдигарфаҳмӣ буда ба қонунҳои мантиқи шаклӣ ва диалектикӣ тобеъ мебошад. Аслан ҷомеа ба туфайли ваҳдат, устувор нигоҳ доштани сулҳ дар асоси марому мақсади ягона, эҳтиёҷ доштан ба маҳсули меҳнати якҷояи одамони зиёд бунёд шудааст. Мақсади ҳама гуна ҷомеаи дунявӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ба вуҷуд овардани базаи моддӣ техникӣ барои рушди ҷомеа, барои миллат ва ватани хеш бидуни устувор нигоҳ доштани сулҳ имконпазир намебошад.Тазоди сиёсати ҷаҳони имрӯза хеле шиддат ёфтааст, бинобар ин ташаббусу пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле нишонрас ва бомаврид мебошад. ”Имрӯз мо шоҳиди афзоиши низоъҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ҳастем…вақти он расидааст, ки мо аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Миллали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигирем. Дар робита ба ин пешниҳод менамоям, ки таввасути қатъномаи махсуси Созмони Миллали Муттаҳид, ”Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда қабул карда шавад.
Почаева Муҳаббат.
дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ.