Тамоюлҳои нави ҳамкориҳои ДДҲБСТ бо муассисаҳои таълимии Чин
Дар ҳошияи ҳамкорӣ ва равобити байналмилалӣ бо факултети гуманитарӣ ва ҳуқуқи Донишгоҳи нафтии Чини шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин, мушовири ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Ҷўраев А.Ҳ. барои хондани силсилаи лексияҳо ба донишҷӯёни магистратура аз рӯйи ихтисоси «Забони чинӣ»-и донишгоҳи номбурда сафарбар карда шуд.
Сафари мазкур дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳӣ ва металлургии Тоҷикистон, ки донишгоҳамон солҳои тӯлонӣ ҳамкорӣ, робитаҳои дўстй ва шарикӣ дорад, ташкил карда шуд.
Қобили зикр аст, ки Донишкадаи Конфутсий дар давоми фаъолияти худ ба тавсеаи хеле васеи шаклҳои ҳамкорӣ ва амиқтар шудани робитаҳои муассисаҳои таълимии Чин ва Тоҷикистон мусоидат намуда, даъвати профессори тоҷик барои хондани лексияҳо дар яке аз донишгоҳҳои бонуфуз, дар равобити байнифарҳангии ин кишварҳо рӯйдоди муҳимме ба ҳисоб меравад.
Профессор Ҷӯраев А.Ҳ. андешаҳои худро зимни сафар ба донишгоҳи Ҷумҳурии Хитой чунин иброз менамояд:
Барои ман шарафи бузурге буд, ки ба Чин даъват шавам, дар байни донишҷӯёни чинӣ силсилаи лексияҳоро хонам ва ҳамзамон муаррифии донишгоҳи мо дар назди донишҷӯёни донишгоҳи Чин масъулияти калон ба ҳисоб мерафт.
Пешвози гарму ҷўшон дар фурудгохи Чиндао фаромушнашаванда буд ва он барои ман таассуроти бузурге бахшид. Ин аломати диққати махсус ба меҳмон, зухуроти равшани мехмоннавозии чинихо буд.
Омўзгори забони чинӣ Ся Юан Тонг (Сюзанна) барои иҷрои нақшаи будубоши камина масъул буд, ки аз рӯзи аввали омадан маро бо таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус иҳота намуда, ҳама масъалаҳои ташкилиро сари вақт ҳал менамуд.
Ман барои лексияҳои худ чор мавзуъро интихоб кардам:
Дар маърузаи аввал «Муқаддима ба фарҳанги миллии тоҷикон» таваҷҷуҳи донишҷӯёнро ба таърих, хусусиятҳо ва дастовардҳои ин фарҳанги бостонии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар солҳои истиқлолияти кишвар бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулху вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуд.
Мавзуи дуюми лексия «Фарҳанги миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ» хислати назариявӣ дошта, ба вижагиҳои шомилшавии Тоҷикистон ба равандҳои ҷаҳонӣ бахшида шуда буд. Ба омӯзиши раванди навсозии ҷомеа бо назардошти ҳифзи ҳувияти миллӣ, инчунин мушкилоти ошноӣ бо дастовардҳои муосири илм ва технологияи навтарин таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки таҷрибаи рушди бомуваффақияти Чин дар шароити рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ сазовори таваҷҷуҳ ва омӯзиши махсус аст.
Мавзуи сеюми лексия «Инсоншиносӣ: таҷриба, арзёбӣ, имкониятҳо ва дурнамо» ба таърихи офариниши фанни инноватсионии таълимӣ, барои ташаккули мундариҷа ва усулҳои таълим, ки аз дастовардҳои илмҳои гуманитарии Шарқу Ғарб истифода шудааст, бахшида шуда буд. Ман ҳамчун омӯзгори фанни инсоншиносӣ аз таҷрибаи таълимии он, баҳогузории он аз ҷониби донишҷӯёну омӯзгорон нақл карда, дар бораи имконот ва дурнамои рушду густариши он суханронӣ намудам.
Маърузаи охирин дар мавзуи “Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон: ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии Чин” ба муаррифии донишгоҳ, фаъолияти он дар роҳандозии робитаҳои байналмилалӣ, ки ба муаррифии донишгоҳ ба ҷаҳониён нигаронида шудааст, бахшида шуд. Ба таърихи барқарор намудани равобит бо Маркази Конфутсий дар Донишгоҳи миллӣ ва Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кўҳӣ-металлургӣ, натиҷаҳои онҳо ва дурнамои ҳамкориҳо бо дигар муассисаҳои таълимии Чин таваҷҷуҳи зиёд дода шуд.
Салому дуруди ректори донишгоҳамон, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба ҳамкорону донишҷӯёни чинӣ ва хоҳиши самимии ӯ ҷиҳати густариши ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Мардумии Чин расонида шуд. Ман ба ҷаҳони чинӣ пайваста, фазои шабеҳи фарҳанги суннатии тоҷиконро дидам, ки бо эҳтироми хос ба насли калонсол, омӯзгор, мураббӣ – арҷгузорӣ ба таҷриба, хирад, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар пеши назари ҷомеа алоқаманд аст.
Ин сафар барои ман на танҳо ҷиҳати шиносоӣ бо соҳаи маорифи ҷомеаи Чин хеле муфид буд, он ба ман имкон дод, ки бо мардуми дӯсту меҳмоннавози чинӣ муошират кунам, бо анъанахои маданӣ, санъат ва мусиқӣ бархурдор шавам, аз таомхои гуногуни чинӣ лаззат барам.
Инчунин, ин сафар бо пайдо шудани иқдомҳои нави ҳамкорӣ бо донишгоҳамон, аз ҷумла, дар самти такмили ихтисосҳои технологияи иттиллотӣ дар донишгох, тавассути такмили ихтисоси омўзгорон ва ҷиҳозонидани донишгоҳ бо базаи илмӣ- техникии соҳавӣ, дар баланд бардоштани сифати таълим ва тайер кардани мутахассисони соҳибтаҷрибаи ҷавобгўи стандартҳои чаҳонӣ дар соҳаи технологияи иттиллоотӣ мусоидат менамояд.