ПЕШВОИ СУЛҲПАРВАР, ПЕШНИҲОДИ СУЛҲОВАР!

Ҳамаи ташабусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси дастгирӣ ва ифтихор аст. Санаи 22 сентябр муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк иштирок ва сухаронӣ карданд ва дар Саммити Оянда пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад. Ин пешниҳод дар амният ва рушди кулли сайёра аҳамияти хоса дошта, ба оламиён нишон дод, ки дар ҳақиқат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шахсияти маъруфи сулҳпарвар мебошанд. Мо боварӣ дорем, ки вобаста ба ҳалли масоили муҳими байналмилалии пешниҳодгардида, аз ҷониби ҷомеи ҷаҳонӣ албатта дастгирӣ меёбад.

Барои тарҳрезӣ ва рушди сиёсати хориҷии Тоҷикистон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми муҳим гузошта истодаанд, ин талошҳо дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байнадмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ ниҳоят бузург ва мубрам маҳсуб меёбад. Чунки дар шароити ҳассоси имрўза ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳар замони дигар ба ҳамкорӣ, ҳамбастагӣ ва  муносибати боэътимод ниёз дорад. Терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, инчунин авҷ гирифтани “ҷанги сард” ба пойдории сулҳу субот, амният ва рушди байналмилалӣ таҳдид мекунад.

Бо ин ташаббус муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя ба қувваи тавонои ҷомеаи ҷаҳонӣ талош доранд, ки ҳамаи тадбирҳои имконпазир андешида шаванд, ки амнияти ҳар як кишвар ва зиндагии осоиштаи насли оянда ва мардуми ҷаҳон дар фазои сулҳу оромӣ, бидуни мусаллаҳшавӣ ва низоъ  таъмин карда шавад.

Авезова З.Б. муаллими калони     

                                                             кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати      

                                                         прокурории ДДҲБСТ

You might also like