МАОРИФ – ЗАМИНАИ РУШДИ ОЯНДАИ МИЛЛАТ

Аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ва бо сарварии Пешвои миллат соҳаи маориф яке аз соҳаҳои калидӣ ва самти афзалиятноки сиёсати давлат эълон гардид.  Саҳми Президенти мамлакат дар нуфуз пайдо кардани соҳаи маориф ва боло бурдани мавқеи омӯзгор ниҳоят бузург аст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳо ва Паёмҳои худ дар масъалаи маориф сухан мегуянд ва қайд менамоянд, ки соҳаи маориф соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ иброз намуданд: “Мо бояд фарзандонамонро, чи писару чи духтар, хононем, илму дониш, касбу ҳунар ва одобу ахлоқ омӯзонем, забон омӯзонем, аз истифодаи техникаву технологияҳои муосир бархурдор созем, ба зиндагии мустақилона ҳаматарафа омода намоем, онҳоро ҳамчун шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, масъулиятшинос ва ватанпарвару заҳматдӯст ба камол расонем”. Зеро, танҳо миллати босавод, мутахассисони баландпоя баҳри баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти миллӣ ва инчунин, заминаи муайянкунандаи ояндаи давлат мусоидат менамояд.

Соҳиби касбу ҳунар кардан ва ба бозори меҳнат ворид намудани ин қишри ҷавони аҳолӣ ва ба рушди иқтисодиёт ҷалб кардани онҳо вазифаи аввалиндараҷаи падару модар ва устоду омӯзгор ба ҳисоб меравад. Бо баробари ин, масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон, тарғибу ташвиқи фаъолона ва густурдаи тарзи ҳаёти солим, тарбияи инсондӯстиву ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба варзиш низ аҳамияти хосаро пайдо менамояд.

Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат буд, ки бо таъсис додани Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва шуроҳои диссертатсионии миллӣ, илми тоҷик истиқлолияти илмиро ба даст овард. Имрӯзҳо аспиранту унвонҷӯён, докторантон, муҳаққиқон метавонанд озодона рисолаҳои илмии худро дар дохили кишвар дифоъ намоянд. Бояд гуфт, ки ин имконот то таъсиси шуроҳои диссертатсионии миллӣ дар кишвар набуд ва намояндагони илм бо сарсониҳои зиёд дар хориҷи кишвар дифои рисолаҳои худро ба роҳ мемонданд ва қисме аз онҳо аз сабаби мушкилиҳо пайроҳаи илмро тарк мекарданд.

 

Ҷураев Фаррух Маъруфҷонович

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти

кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақа

You might also like