Бозгуикунандаи сиёсати хориҷӣ
Талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри осудаҳолӣ, сулҳу амонӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон аз сафарҳои корӣ ва мулоқотҳои бисёрҷонибаи ин марди хирад эҳсос мегардад.
Боиси фахри мо тоҷикон аст, ки сафарҳои кории Пешвои миллат барои рушди муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт ва истифодаи имкону захираҳо барои мардум равона гардида истодааст, зеро дар оянда густариши чунин ҳамкориҳои стратегӣ боиси муаррифии қудрати миллати тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ мегардад. Имкониятҳои минбаъдаи мамлакат дар ҷодаи ҳамкориҳои бисёрҷониба бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ниҳоят васеъ буда, барои дастгирии яке аз стратегияи миллӣ – саноатикунонии босуръат муосидат менамояд. Маҳз барои татбиқи ин стратегияи ниҳоят муҳими миллӣ, аз ҷониби ҳукумати мамлакат сол аз сол шароити мусоид фароҳам оварда шуда истодааст. Бунёди инфрасохторҳои зарурӣ, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳавасмандгардонии соҳибкорону сармоягузорон, пешбинии имтиёзҳо барои технологияҳои инноватсионӣ яке аз сабаби сафарҳои кории Пешвои миллат буда, баҳри некуаҳволии мардуми тоҷик равона мегардад. Боиси хурсандист, ки дар натиҷаи густариши ҳамкориҳо бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дар сар то сари мамлакатамон корхонаҳои нав бунёд ёфта истодаанд, ки як зумра аҳолии мамлакатро бо ҷойҳои корӣ таъмин намуда, барои беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ-иқтисодии онҳо мусоидат менамояд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Аврупо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқотҳои судманд густурда бо Президенти Конфедератсияи Швейтсария, Раёсати Бонки Швейтсария, шаҳрдори Берни Швейтсария, Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оғахони IV ва форуми соҳибкорону сармоягузорон суханронӣ намуда, ин ҳама вохуриҳо баҳри рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, бонкдорӣ, сармоягузорӣ ва саноат нақши назаррас гузоштанд.
Ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат дар ҷодаи дастгирии сиёсати хориҷи кишвар, яъне «сиёсати дарҳои кушод» воқеан аз рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии кишварҳо шабоҳат медиҳад. Мисоли он сафари расмии Пешвои миллат ба Иттиҳоди Аврупо аст, ки имрӯз дар назар аст бо Президенти Фаронса ҷаноби Эмануел Макрон вохурӣ менамоянд. Ин ҳама сафару вохуриҳо саҳифаи нави муносибатҳои давлати моро бо Иттиҳоди Аврупо боз менамояд.
Тӯхтаев Т. – н.и.и., дотсент, мудири
кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ