Шӯру ғавғо барангехтани наҳзатиён аз сафари Пешвои миллат
Ҳафати ҷорӣ ба чанд кишвари Иттиҳоди Аврупо сафар доштани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манбаъҳои гуногун ҳаргуна хабарҳои муғризонаро паҳн карда итодаанд.
Тибқи хабари расмӣ АМИТ “Ховар” дар воқеъ санаи 04.11.2019с. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Франсия сафар карданд.
Дар ин сафар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Сомонаи «Ахбор.ком» чун сомонаи иғвокорона ном баровардааст, менависад, ки 7 ноябр Шӯрои тиҷоратии Фаронсаву Тоҷикистон дар як зиёфати хурд бо президенти Тоҷикистон мулоқот мекунад.
ВАО хабар медиҳанд, ки ин нахустин сафари Президенти кишвар ба Аврупо дар се сол охир аст. Охирин бор Пешвои миллат дар поёни соли 2017 аз Чехия ва Олмон дидан карда буданд.
Таваҷҷуҳи неруҳои мухолифини дар Аврупо макон гирифта ба ин сафари Пешвои миллат зиёд шуда, аллакай шуру ғавғо доранд ва мехоҳанд ин сафарро ба манфиатҳои ғаразманди сиёсии худ истифода намоянд. Сафари гузашта дар Прага онҳо эътирози пешакии ба нақшагирифта ташкил карда, мардумро ба шӯр андохтанӣ буданд. Аммо ин дафъа шумораи онҳо чандин кам шуда, пайравони наҳзат дигар аз худ дарак намедиҳанд. Зеро чандин тан аз аъзоёни ин ҳизби ҷиноӣ ба Тоҷикистон баргаштаанд ва ҳаёти осоиштаро пушти сар менамоянд.
Кирдору рафтори хоинон зери роҳбарии Кабирӣ чизеро тағйир намедиҳад, мулоқот вайрон намекунад, танҳо ин нишонаи беэҳтиромӣ, бефарҳангии сиёсии онҳо аст.
Мо мардуми Тоҷикистон умед дорем, ки аз ин сафари Пешвои миллат муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии байни кишвари мо ва кишварҳои Аврупо боз ҳам беҳтар хоҳад шуд. Дастовардҳо бар чашми душманон чун заҳр пошида мешавад.
Абдувоҳидов М. – устоди кафедраи ҳуқуқи
соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ