Тақвияти фаъолияти Ассотсиатсияи хатмкардагон дар ДДҲБСТ
07 июни соли 2024 хатмкардагони соли 2004-и факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати боздид ва шиносӣ ба маъвои маърифати хеш ташриф оварданд. Хатмкардагони факултети ҳуқуқшиносиро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода ва ҳамсабақони онҳо, ки дар донишгоҳ ба ҳайси омӯзгор фаъолият доранд, истиқбол намуданд.
Нахуст, роҳбарияти донишгоҳ ҳамроҳи хатмкардагон аз синфхонаву лабораторияҳо ва марказҳои омӯзишии Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ дидан карданд. Хатмкардагони донишгоҳ бо ёдоварӣ аз лаҳзаҳои таҳсил ба шароиту имкониятҳои донишгоҳ баҳои баланд доданд.
Сипас, дар маҷлисгоҳи бинои таълимии 2 – и ДДҲБСТ бо иштироки онҳо маҳфил баргузор шуд.
Роҳбари донишгоҳ Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. хатмкардагонро шодбош намуда, таъкид кард, ки ин ҳама шароиту имкониятҳои фароҳамгардида дар донишгоҳ аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ҷавобан моро лозим аст, содиқонаву софдилона хизмат намуда, саҳми хешро дар рушду нумӯи Ватани азизамон гузорем.
Ректори донишгоҳ ҷиҳати таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ нисбати ҷойи таҳсил ба хатмкардагон арзи сипос баён карда, барои ҳамкории минбаъда Сипосномаҳои раёсати донишгоҳро тақдим намуд.
Дар идомаи маҳфил навору аксҳои хатмкардагон дар замони донишҷӯӣ ва иштирокашон дар чорабиниҳои мухталиф намоиш дода шуд.
Чанде аз хатмкардагони факултетети ҳуқуқшиносӣ баромад намуда, ба устодони хеш изҳори сипос намуданд ва таъкид доштанд, ки фаъолияти Ассотсиатсияи хатмкардагонро густариш дода, пайваста бо донишгоҳи хеш дар иртибот мешаванд ва саҳмашонро дар рушду пешрафти он мегузоранд.
Чорабинии мазкур бо пешниҳоди барномаи адабию фарҳангӣ, ки аз шеъру таронаҳо дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Устод ва дӯстӣ иборат буд, ба анҷом расид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа