ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМРО БОЯД РЕШАКАН КАРД!
Терроризм, ки аз ибтидои асри 21 оғоз ёфт, хатари навро ба тамоми инсоният таҳдид намуд. Маҳз аз ҳамин давра аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк намуд, ки бо ин зуҳуроти ҷаҳонӣ бояд на танҳо мубориза бурд, инчунин бояд пешгирӣ намуд. Ҳақиқатан давлатҳои тамоми ҷаҳон ва дар қатори онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои мубориза бурдан бо ин зуҳуроти асри нав тайёрии хаматарафаи худро иброз намуда буд. Бо вуҷуди муборизаҳои ҷиддӣ, муборизаи дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ рафта истода бошад ҳам, қувваи терроризм ва экстремиз на танҳо несту нобуд карда нашуд, балки он торафт мавқеи худро дар арсаи ҷаҳонӣ зиёд намуда, ҳудудҳои навро зери таъсири худ қарор дода истодааст.
Айни замон ҳар яки мо аз ҳодисаҳои Крокус Сити огоҳӣ дорем.
22 марти соли 2024 аз тарафи террористон ҳамлаи ярокӣ ба «Крокус Сити Холл», ки 145 нафар одамон фавтида, 550 ярадор гаштанд. Воситаҳои ахбори омма маълумот доданд, ки террористон аз сафи тоҷикон буда барои пули ночиз ба ин кор даст заданд.
Ба ҳама маълум, ки баъди ин ҳодисаи номатлуб тамоми тоҷикон зери танаю маломат, шубҳаю нобоварӣ монданд.
Бинобар ҳамин нигоҳ доштани сулҳу субот, тинҷию амонӣ, ваҳдату якдилӣ ва ба мерос гузоштани давлати тинҷу ороми тараққикардаистода ба наслҳои оянда аз ҳар яки мо вобастагии калон дорад. Ва ин маҳсулияти гарон пеш аз ҳама бар дўши мо омӯзгорон мебошад, чунки омӯзгор – пешбарандаи ҷомеа ҳастанд.
Юсупова З.М.- муаллими калони кафедраи
забони русӣ ДДҲБСТ