КОРРУПСИЯ: ОМИЛҲО ВА ПАЁМАДҲО

Коррупсия як зуҳуроти манфии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад, ки ба рушд ва пешрафти ҷомеа монеа эҷод мекунад. Ин амал бо истифодаи нодурусти қудрат ва мавқеи расмӣ барои манфиатҳои шахсӣ алоқаманд аст ва метавонад дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла ришваситонӣ, суистифода аз мақом, хешутаборбозӣ ва дуздӣ аз манъбеи давлатӣ зоҳир шавад. Омилҳои асосии коррупсия нокифоягии назорат ва танзим дар идораҳои давлатӣ, маърифати паст ва маънавияти пасти шахсоне, ки дар идораҳо кор мекунанд, ҳамчунин норасоии шаффофият дар равандҳои қабул ва иҷрои қарорҳо ва номуайянии қонунҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошанд. Коррупсия таъсири манфӣ ба тамоми соҳаҳои ҷомеа мерасонад. Аз нигоҳи иқтисодӣ, он ба коҳиши сармоягузорӣ, афзоиши хароҷоти давлатӣ ва камшавии эътимод ба бозорҳои молиявӣ сабаб мешавад. Аз нигоҳи иҷтимоӣ, коррупсия боиси коҳиши эътимоди шаҳрвандон ба ҳукумат ва адолати иҷтимоӣ мегардад, ки дар натиҷа ноадолатӣ ва нобаробарӣ дар ҷомеа афзоиш меёбад. Аз ҷиҳати сиёсӣ, коррупсия ба сустшавии низомҳои демократӣ ва таҳкими режимҳои авторитарӣ мусоидат мекунад. Барои мубориза бо коррупсия, таҳкими қонунгузорӣ ва назорати қатъии фаъолияти идораҳои давлатӣ зарур аст. Пешбурди маърифати ҷомеа ва баланд бардоштани маънавияти кормандони давлатӣ низ муҳим мебошад. Шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар равандҳои давлатӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ метавонанд ба коҳиши коррупсия мусоидат кунанд. Инчунин, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои хабарӣ дар мубориза бо коррупсия низ аҳамияти калон дорад. Коррупсия як монеаи ҷиддӣ барои рушд ва пешрафти ҷомеаҳо мебошад. Омӯзиши омилҳо ва паёмадҳои он, ҳамчунин андешидани чораҳои самарабахш барои мубориза бо ин падидаи номатлуб, метавонанд ба беҳбуди вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ мусоидат намоянд. Муборизаи дастаҷамъона ва шаффофият калиди асосии пирӯзӣ бар коррупсия мебошад.

 

Дотсент   Мухамедова Ш.Ф.

You might also like