ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗИМ –ВАБОИ АСР

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳамасолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар бор таъкид менамоянд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Мо ҳамеша  бо суханони сарвари мо, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, барои ҳифзи якпорчагии  Ватани бошукуҳамон ҳамеша омода буда,  сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем.

Дар ҷаҳон имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда истодааст,  терроризм ва экстремизм барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён меовард. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ  дар минтақа ва  дар миқёси чаҳонӣ ба мавҷудияти кишварҳо хатарҳои ҷиддӣ расонида истодаанд.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқ ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гуруҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин ба ифротгароӣ сабзида расад.

Чи тавре ки ҷараёни таърихӣ нишон медиҳад, ғояҳо ва идеологияҳои ифротгароӣ, хамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид ба миён меояд.

1.Вақте ки дар ҷомеа беадолатӣ вуҷуд дорад ва қисми муайяни ҷомеа дар назди худ мақсад мегузорад, ки бар зидди беадолатӣ мубориза барад.

2.Дар мавриде, ки барои ҳокимият мубориза барад.

Барои бартараф намудани ин ду асно омузгорон  бояд дар рафти  машғулиятҳои амалӣ  мавриди ин масъалаҳои мубрими руз бо донишҷуён суҳбатҳо ороста муҳтавои мавзуро баён намуда, мафкураи  онҳоро ба ҳисси ватандустиву ватанпарварӣ бедор намоянд.

Муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ

 Деҳқонова Гулчеҳра Набиҷоновна

 

You might also like