МАФҲУМ ВА МОҲИЯТИ ТУНДГАРОӢ

Тундгароӣ падидаи номатлубе мебошад, ки дар шароити имрӯза доман паҳн карда, хатари минтақавию байналмилалиро ба вуҷуд овардааст. Мафҳуми тундгароӣ (радикализм) дар Англия дар охирҳои асри XVIII дар давраи инқилоби саноатӣ ба вуҷуд омада, дар асри XIX ин мафҳум аллакай, характери васеи сиёсӣ, фарҳангӣ, динӣ ва  маърифатӣ касб кардааст.

Ба андешаи муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ тундгароӣ фаъолиятест, ки ба идеологияи оштинопазиру таҷовузкор асос ёфта, ҳадафи асосии он тағйири куллии низоми амалкунандаи иҷтимоӣ-сиёсӣ мебошад. Шахсони тундгаро ба низоми амалкунандаи иҷтимоӣ-сиёсӣ муносибати манфӣ доранд ва ҷиҳати раҳоӣ ёфтан аз ҳолатҳову буҳронҳои бавуҷудомадаи иҷтимоӣ-сиёсӣ кӯшиш ба гузаронидани ақидаҳои носолими худ менамоянд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки тундгароӣ ҳамеша ҷараёни мухолиф буда, тундгароён мухолифони нисбатан қатъӣ ва тундрав мебошанд.  Ғояву таълимоти тундгароён дар ҷамъият нақши вайронкунанда дошта,  тундгароӣ, тибқи қоида, ҳамчун воситаи фаъолияти ба ифрот теладиҳанда, ба фитнаангезӣ, ихтилофот, номувозинатии низоми идоракунӣ мусоидат мекунад.

Дар мубориза бар зидди ин падида муассисаҳои илмию таҳлилӣ ва зиёиёнро зарур аст, ки  ҳамкориро бо васоити ахбори омма мустаҳкам ба роҳ монанд. Зеро,  аксари аъзоёни гурӯҳҳои тундгароӣ имрӯз шабакаҳои иҷтимоии интернетиро ба силоҳи асосии хеш табдил дода, ғояҳои ифротиии худро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар байни истифодабарандагони интернет паҳн менамоянд. Ин гурӯҳҳо кӯшиш мекунанд, ки бо ҷавонони ноогоҳу каммаърифат алоқа барқарор намуда, онҳоро тобеи ғоя ва ҳадафҳои ғаразноки хеш намоянд.

Хулоса тундгароӣ фаъолияте мебошад, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шарҳвандро поймол намуда, ба ягонагӣ ва бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд. Аз ин лиҳоз, ҷавонону наврасон, волидайни онҳо ва ҳар як аъзои солимфикри ҷомеаро зарур аст, ки аз дастовардҳои даврони Истиқлолият самаранок истифода бурда, фарзандон ва насли ҷавонро пайваста таҳти назорати хеш қарор диҳанд.

 

Сулаймонова Гулрухсор Рустамҷоновна,

– устоди ДДҲБСТ

You might also like