ДДҲБСТ: Ифтитоҳи майдони футбол ва оғози мусобиқа барои дарёфти “Ҷоми раёсати ДДҲБСТ” бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол

22 майи соли 2024 бо ба истифода додани майдони варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон пас аз навсозӣ ва таъмиру таҷдид мусобиқаи футбол байни устодону донишҷӯён барои дарёфти “Ҷоми раёсати ДДҲБСТ” оғоз шуд. Чорабинии мазкур дар доираи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва бо ҷонибдорӣ аз эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки минбаъд ҳамасола 25 май дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, баргузор гардид.
Дар расми ифтитоҳи майдони варзишӣ ва тантанаҳои Рӯзи ҷавонон дар донишгоҳ муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматҷонов, директори ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд Абдурашит Ҷалилзода ва намояндаи федератсияи футболи вилояти Суғд Аҳлиддин Юнусов ширкат намуданд.
Нахуст, меҳмонон аз дастовардҳои варзишии устодону донишҷӯёни донишгоҳ дидан карданд.
Сипас, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода меҳмононро муаррифӣ карда, ифтитоҳи майдони варзишии донишгоҳро пас аз навсозӣ дар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол бо оғоз гардидани мусобиқаи футбол байни устодону донишҷӯён барои дарёфти “Ҷоми раёсати ДДҲБСТ” падидаи муҳиму шодиафзо унвон кард. Роҳбари донишгоҳ илова кард, ки варзиш дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии мамлакат ба шумор меравад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бемайлони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили тарғиби ҳаёти солим ва яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстӣ байни инсонҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд.
Дар идома, муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода баромад карда, ифтитоҳи майдони варзиширо барои ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ табрик кард ва аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки дар баробари омӯзиш пайваста ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим шуғл варзанд ва дар муаррифии давлату миллати хеш дар арсаи байналмилалӣ саҳмгузорӣ намоянд.
Таъкид гардид, ки ифтитоҳи майдони футбол дар донишгоҳ дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 7 майи соли 2024 зимни ҷаласаи 80-уми пленарии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии СММ мавриди пазириш қарор гирифта, қатъномаи “Рӯзи ҷаҳонии футбол” қабул гардид, басо рамзӣ мебошад.
Дар ин рӯз бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол байни кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ мусобиқаи футбол барои дарёфти “Ҷоми раёсати ДДҲБСТ” оғоз шуд. Дар мусобиқаи мазкур 12 даста байни ҳам рақобат намуда, ғолибон бо маблағҳои пулӣ, медалу диплом ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ хоҳанд шуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like