ХАТАРИ ЗУҲУРОТИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

Асосгузори сулу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ оид ба пешгирии хатару таҳдидҳои замони муосир таъкид намуданд, ки «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму эксиремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардааст, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.

Масъалаи амнияти ҳар як кишвар ва марзу буми он махсусан дар ин рўзҳои нотинҷиву низоъҳои байни кишварҳо аҳамияти баландтар пайдо мекунад. Кас бештар ба қадри сулҳу ваҳдат, якдиливу истиқлолият мерасад. Ин арзишҳоро ҳар як шаҳрванд бояд бо қалби худ дарк намояд.

Яке аз муаммоҳои вазнини ҷаҳони муосир афзоиши хатари терроризми байналхалқӣ мебошад, ки бо шиорҳои бофтаву сохтаи исломӣ рўйпўш шудааст. Дар асл, ислом бо терроризм ва ташкилотҳои экстремистӣ ҳеҷ дахолате надошта, баръакс таълимоташ зидди ин падидаҳои хатарнок нигаронида шудааст. Сад афсўс, ки як зумра ашхоси хиёнаткор ба дини мубини ислом доғ меоранд.

Ин гуна ташкилотҳои террористӣ ва аъзоёни аз дини ислом дури он боис гаштанд, ки имрўзҳо дар кишварҳои гуногуни олам ба объекти фишору зўроварӣ табдил ёфтани мусулмонон, поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои онҳо ҷой доранд. Ин ҳолат метавонад ба низоъҳои нав ва мухолифати динӣ оварад, ки хатари бештаре дорад.

Оламиён дини мубини исломро чун як сарчашмаи покизаи маънавӣ ва ахлоқӣ мешиносанду эҳтиром мекунанд. Дини мубини ислом ҳама гуна зўроварӣ ва кушторро маҳкум менамояд.

Терроризм ягон ақидаҳои дини исломро пайгирӣ наменамояд, ҳатто амали онҳо ба ягон дин, мазҳаб ва миллат хос нест. Аъмоли зишти созмонҳои террористиву экстремистӣ ва манбаъҳое, ки ба онҳо кўмаки молиявӣ мерасонанд, аз арзишҳои ислом бархурдор нестанд ва ин дини покро танҳо чун парчами фаъолияти харобиовару кушторҳои беасоси худ истифода мебаранд.

Ҳамагон бояд дарк намоянд, ки тамоми халқу миллатҳои ҷаҳон бояд дар фазои орому осоишта ва шукргузорӣ аз рўзгор зиндагонӣ намоянд, байни ҳам ҳамкориҳои мутақобилан судмандро барпо намоянд, то ки ба насли оянда шароити мусоиди ҳаёти арзандаро муҳайё намоянд. Тоҷикистон низ барои тақвияти минбаъдинаи ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар ин самт талош меварзад, мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон мешуморад. Тоҷикистон ҷонибдори ҳамдилии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо терроризми байналмиллалӣ буда, дар он саҳми хешро мегузорад.

Дар чунин вазъи пайомадҳои манфии ҷаҳонӣ рисолати шаҳрвандии мо эмин нигоҳ доштани давлати соҳибистиқлоли мо аз ин гуна хатарҳо ва ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ маҳсуб ёфта, ҷонибдории муборизаи қотеъ бар зидди он вазифаи ҳар як инсони худогоҳ аст.

Азимова Назира Самадовна – дотсенти кафедраи фанҳои риёзӣ- табиатшиносии муосир

You might also like