Сӯзиши наҳзатиён аз сафари Пешвои миллат

Интихоби Аврупо ба сифати ҳамкори боэътимод агар аз як тараф ғаризаи бақои миллӣ дар шароити буҳронзадаи ҷаҳонӣ  унвон шавад, аз тарафи дигар ба ҷараёни табии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба решаҳои қавии ҳамкориҳои мутақобилан судманд сабабгор шудаанд.

Иттиҳоди Аврупа дар саромади истиқлолияти давлатӣ ба ҳукумати навтаъсис   дасти ёрӣ дароз карда, барои таҳкурсии давлат кӯмакҳои бесобиқа намудааст ва то ҳол идома дорад. Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон бо назардошти «сиёсати дарҳои боз» бо як пайдарҳамии бесобиқа пуштибони хати сиёсати хориҷӣ будааст. Мавқеъгирии муштарак дар масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҷузъи низоми сиёсии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил мекунад. Сатҳи робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлати мо  ва Иттиҳоди Аврупо барои пешбурди лоиҳаҳои муштарак ва манфиатҳои миллӣ ба соҳаи иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳарбӣ ва фарҳангӣ сабабгор мешавад

Санаи 5-уми ноябр бо сафари расмӣ  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон ба Аврупо раҳсипор шуданд. Муносибатҳо бо ин қитъаи пешрафта дар ҳамаи самтҳо хуб ба роҳ  монда шуда, ҳамаи давлатҳои минтақа бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро  ба роҳ мондаанд. Аммо ҷои афсус аст, ки аз ин сафари Президент наҳзатиён ва Паймони миллӣ ҳангомаҳои навбатиро ба роҳ андохта, мехоҳанд мафкураи мардумро дигар кунанд. Гуё, ки дару дарвозаҳои Аврупо ба рӯи Президенти мо пӯшида бошад.  Лек ин хатои маҳз аст. Агар чунин мебуд санаи 5-уми ноябр ҳайати расмии давлати моро бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷониби Конфедератсияи Швейтсария бо сатҳи баланд пазироӣ наменамуд. Вохурии дуҷонибаи Президенти мамлакат ва Президенти Конфедератсияи Швейтсария  шаҳодати гуфтаҳост. Зимни сафар Сарвари давлат дар форуми соҳибкорон ва сармоягузорони Тоҷикистону Швейтсария ширкат ва суханронӣ намуда, аз имкониятҳои кунунии давлати мо барои рушди соҳаҳои саноат, куҳкорӣ, кишоварзӣ ёдовар шуданд.

Аммо наҳзатиёни хоин аз дастовардҳои давлатимо дар сиёсати хориҷӣ сахт дар изтиробанд. Зеро мумкин аст баъди сафари Пешвои миллат ҷониби Аврупо ҳамаи сагони наҳзатиро аз минтақа дафъ мекунанд.

Валиева Д.М. – ассистенти

кафедраи аудит ва ревизияи ДДҲБСТ

You might also like