ТОҶИКИСТОН ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ

Вазъияти геополитикии ҷаҳон рӯз ба рӯз вазнинтар мегардад, гарчанде потенсиали нигоҳдорандаи он аз ҷангу ҷидолҳо кам нест. Имрӯзҳо вазъияти баъзе давлатҳои ҷангзада бо зиддиятҳо, таркишу одамрабоию хонасӯзиҳояшон вазъияти аввали солҳои 90-уми Тоҷикистонро ба ёд меорад.

Тоҷикистон тавонист дар муддати нисбатан кӯтоҳ аз чунин вазъияти хунбор барояд, вале ин давлатҳо ба мушкилоти бештаре печида дар арафаи аз даст додани истиқлолияти худ ё сулҳу салоҳ дар кишварашон мебошанд. Аз ин сабаб таҷрибаи кишвари мо барои чунин мамлакатҳои ҷангзада ва дар ҳоли гузариш қарор дошта, хеле муҳим ба назар мерасад.

Чӣ хеле ки маълум аст, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон соҳибихтиёрии хешро эълон намуд, вале як давраи муайян бо масоилу мушкилоти хеш танҳо ба танҳо монд: барқарор намудани сохтори фалаҷгардидаи давлатӣ, бозгардонидан ва ҷо ба ҷо кардани гурезаҳо аз хориҷи кишвар ва мухоҷирони ичбории дохилӣ, шикастани қолабҳои куҳна дар шуури мардум, ба вуҷуд овардани низоми арзишҳои нави ба давлати соҳибихтиёри миллӣ мувофиқ, мудохилаи пайвастаи берунӣ ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, таҳмили идеологияи бегона ба сари мардум ва муқовимату муқобила бо онҳо, фаъолияти қувваҳои мусаллаҳи экстремистӣ, муборизаи куҳна ва нав дар ҳама сатҳи ҷомеа барои давлат ва миллати Тоҷикистон имтиҳони ҷиддие гашт ва хушбахтона, кишвари мо аз он сарбаландона гузашт.

Тоҷикистон аз муборизаҳои яроқнок оҳиста-оҳиста бо дарки масъулияти таърихӣ ва миллӣ ба музокироти сиёсӣ гузашта, бо ҳамин нишон дод, ки дар ин кишвар қувваи бузурги зеҳнӣ ниҳон аст, ки қудрат дорад ба равандҳои демократӣ ҷилои нав бахшида, ба тавсеа ва густариши онҳо дар ҷомеа мусоидат намояд. Ба ҳам мувофиқ омадани манфиатҳо ва дарки масъулияти давлатӣ ва миллӣ ба он сабаб гашт, ки музокироти сиёсӣ ҳамчун шакли ҳалли ихтилофот барои тамоми мамлакат қобили қабул гардад ва ба яке аз шаклҳои беҳтарини ҳалли масоили ҷомеа табдил ёбад.

Имрӯз ватани азизамон бо иқдоми наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли масоили об ва ҳифзи пиряхҳо аз кишварҳои дигар даъват ба амал оварда истодааст, ки масъалаи об чун кафили сулҳу суботи минтақа, дар умум сайёра гардад. Мо бо Сарвари оқилу хирадманди хеш ба дастовардҳои азими пешрафти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил хоҳем гашт.

Раҳматова Д.А., дотсенти    кафедраи забони тоҷикӣ

You might also like