ДДҲБСТ: Баргузории даври донишгоҳии озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!”
Имрӯз, 14 майи соли 2024 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” доир гардид. Дар озмуни мазкур роҳбарияти донишгоҳ, аъзои ҳакамон ва иштирокчиёни озмун ширкат варзиданд.
Озмуни мазкур бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ баргузор мегардад.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои оҳангсоз, сарояндагӣ, навозандагӣ ва санъати тасвирӣ гузаронида шуда, дар он донишҷӯён-ғолибони даври факултетии озмуни мазкур байни ҳам рақобат намуданд.
Таъкид шуд, ки ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ буда, дар вақти иҷро таълифи асари мусиқӣ, шеър, суруд ва оҳанг ба инобат гирифта мешаванд.
Дар озмун иштирокчиён бо омодагии амиқ, тайёрии зиёд ва масъулияти баланд омада, ҳунару истеъдодашонро нишон доданд. Дар натиҷаи баҳогузории ҳайъати ҳакамон ғолибон муайян ва ба даври баъди роҳ ёфтанд.
Ғолибони даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” бо маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ хоҳанд шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа