ХАФУ ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ БА ҲАЁТИ ОСОИШТА

Вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва паҳншавии босуръат зуҳуроти басо мураккаб ва барои ҷомеаи муосир даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна ва таърихи пайдоиши онҳо дар пойдории давлатдории мутамаддин  дар шароити  ҷаҳонишавҳ  моро водор мекунад, ки чанд андешаҳоро қайд менамоем.

Сарвари давлати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо кормандони мақомоти  прокуратура ва сохторҳои қудратии мамлакат таъкид намуданд: «Дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд, аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар масъулияти дучанд тақозо мекунад.

Мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонанд, пояҳои давлатро заиф гардонанд, аз фаъолияти муътадилу муназзами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вобастагии мустақим дорад».

Барои аҳли ҷомеаи мо равшан аст, ки чаро Президенти мамлакат оид ба вазъи геополитикии ҷаҳони муосир чунин бо хавотирӣ ва огаҳона сухан меронанду ҳушдор медиҳанд, ки вазъияти баамаломада дар минтақаҳои гуногуни олам метавонад, на танҳо ба оромию осоиштагии рўзгори мардуми мо, балки ба аксари ҷаҳон, хусусан ба мамолики  тараққиёбанда ва ё оқибмонда таъсири басо калон расонад. Яъне, ифротгароии миллию мазҳабӣ ва ривоҷ ёфтани терроризму экстремизм дар даҳсолаи охир на танҳо роҳбари хирадманди давлати моро, балки аксари сиёсатмадорони ҷаҳон ва инсонҳои ба сиёсатшиносию ҷомеашиносӣ машғулро низ ба ташвиш овардааст.

Пеш аз он, ки дар бораи пешгирии ин гуна зуҳуроти номатлуб сухан ронем, барои худ зарур шуморидем, ки дар бораи таърихи пайдоиш, ташаккул ва ривоҷу паҳншавии ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм чанд сухан  гўем.  Ифротгароӣ ё худ экстремизм дар марҳилаи нави пайдоиш ва инкишофи сохти капиталистии ҷамъият, аввалин маротиба солҳои 1798-1820 бо мақсади сарнагун намудани сохти давлатдорӣ дар Фаронса, Ирландия, Македония, Сербия, Италия, Испания ва як қатор давлатҳои дигар ба вуҷуд омадааст. Раванди дуюми хуруҷи терроризм ба охирҳои асри ХIХ рост меояд. Марҳилаи нави терроризм аз солҳои 1960 -1970  сар шуда, дар қарни ХХ, ки дар таърихи ҷаҳон чун асри тараққиёти  басо босуръати тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ,  техникаю технология ва тафаккуру шинохти ҷаҳон маҳсуб мешавад, «терроризми сиёсӣ» ном гирифтааст. Террор асосан баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон дар давлатҳое, ки иқтисодиёташон босуръат тараққӣ мекард ва сохторҳои иҷтимоии давлатдорӣ аз раванди иқтисодӣ қафо мемонданд, чун  Итолиё, Олмон ва Япония пайдо шудааст. Дар ин давлатҳо ташкилоти  террористии «Красные бригады», «Фраксия Красной Армии», «Японская Красная Армия» ва дигар ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ вазъияти сиёсии мамлакатҳои худро ноором месохтанд.

Зуҳури ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма мегирад. Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шуравӣ яку якбора низоми маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати худро аз даст дод. Фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ, буҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз назорат дур мондани таъмини амнияти давлатию  ҷамъиятиро ба вуҷуд овард. Вазъияти баамаломада, ки идорааш аз ҷониби фишангҳои ҳокимияти иҷроия  ва давлатӣ ғайриимкон гардид, ба он боис шуд, ки зуҳуроти таҳдид ва зуроварӣ дар ҷамъият ба худ роҳ кушояд.

Аз ин ҳолат намояндагони ташкилоти террористию экстремистӣ истифода намуда, ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ намуданд. Онҳо пеш аз ҳама, ба торҳои эҳсоси мазҳабию динӣ нохун зада, аҳолиро ба масҷидҳо ва тавассути онҳо ба фикри амалӣ намудани мақсаду мароми худ ҷалб намуданд. Албатта дар шароити номуайянӣ, мардумро ба як самти барои худ дилхоҳ равона намудан душвор буд ва барои ин маблағҳои калонро масраф кардан лозим меомад. Аз ин лиҳоз, муассисони чанде аз ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсиси ҳамонвақта бо баҳонаи ҳифз кардани дин ва аҳли тақво ба баъзе аз ташкилоту созмонҳои ба ном хайриявии мамолики дигар, аз ҷумла давлатҳои исломӣ муроҷиат намуданд.

Ҳамин тариқ, дар раванди  таълим  дар ҳама зинаҳои он муҳим аст, ки дар машғулиятҳои тарбиявӣ бобати масъалаҳои мазкур бештар диққат дода шавад. Омўзгоронро лозим аст, ки ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбати терроризм, экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуби мавзуънок бедор намоянд. Ташкил намудани конференсияҳои тематикӣ  бо кормандони  ҳифзи ҳуқуқ дар доираи шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ҳаракатҳои қайдгардида, дар муассисаҳои таълимӣ зиёд карда шавад.

 

Раҳматуллоева Райҳона Рашидовна –  муаллими калони кафедраи ҳуќуќи судӣ ва назорати прокурорӣ

You might also like