Баргузории Форуми ҳафтуми Jobify: Woman in Tech
Дирӯз дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ибтикори Парки технологии ДДҲБСТ Форуми ҳафтуми Jobify: Woman in Tech баргузор шуд.
Дар Форум зиёда аз 500 нафар иштирокчиён барои табодули дониш ва таҷриба ҷамъ омаданд.
Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода, намояндаи Юнисеф Мавзуна Нурханова, Азиз Назаров роҳбари лоиҳаи TRIGGER II (GIZ), мудири шуъбаи ватандӯстии раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, Фирдавс Фахриддинзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосид Ғафуров иштирок ва баромад намуданд.
Дар идомаи Форум 4 нафар маърӯзачиён аз шаҳри Тошканд ва Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд ташриф оварданд, ки дар соҳаҳои технология, навоварӣ, робототехника кору фаъолият менамоянд, аз таҷриба ва асрори муваффақиятҳои худ барои иштироккунандагон маълумот доданд.
Ҳамчунин, намояндагони зиёда аз 56 ширкатҳои пешқадам ҷойҳои холии кории хешро муаррифӣ намуда, роҳбарону намояндагони муассисаҳои таълимӣ дар бораи имкониятҳои худ дар сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ суханронӣ карданд.
Мушоҳида шуд, ки Форуми Jobify: Woman in Tech дар ҳақиқат ба иштирокчиён таассуроти бузург бахшида, ба ҳама илҳому рӯҳияи баланд бахшид.
Ба иштирокчиёни фаъоли Форум Сипосномаву Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ ва Парки технологӣ тақдим гардид.