ДДҲБСТ: Идомаи кори конференсияи илмӣ дар бахшҳо

Конференсияи илмӣ-амалии ҳайати профессорону омўзгорон ва муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони «Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд» ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Рўзи илми тоҷик, ки давоми ду рӯз дар Дорнишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар бахшҳо идома дорад.
Конфронси мазкур дар беш аз 20 бахш идома карда, наздик 300 мақола пешниҳод шуд устодону донишҷӯён маърӯза намуданд.
Дар рӯзи дуюми ҳамоиши мазкур ба ифтихори 70-солагии профессори кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосири ДДҲБСТ Саттор Байзоев конфронс доир гардид, ки дар он шогирдону, пайвандон ва ҳамкорони ин олими риёзидон ширкат намуданд.
Нахуст, ректори донишгоҳ Ҳомид Ҳошимзода иштирокчиёнро ба муносибати Ҳафтаи илм шодбош намуда, саҳми Саттор Байзоевро чун олими шинохтаи илмҳои табииву риёзӣ дар омода намудани шогирдони зиёд ва амалигардии эълон шудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар донишгоҳ назаррас арзёбӣ кард.
Сипас, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода перомуни таваҷҷӯҳи далату ҳукумат нисбати соҳаи маориф, дастгирии олимону муҳаққиқон ибрози андеша карда, кору фаъолияти Саттор Байзоевро чун олими шинохтаи илмҳои дақиқ дар мамлакат ва мавқеи ӯ дар дастовардҳои намояндагони мактабҳои илмии ватанӣ дар соҳаи муодилаҳои физикаи риёзӣ муҳим маънидод намуд.
Ҳамзамон чанде аз ҳамкорон ва шогирдону дӯстон аз корҳои мондагор ва фаъолияти содиқонаи ин олими сермаҳсул ёдовар шуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like