ДДҲБСТ: Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд
19 апрели соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес сиёсти Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҳайати профессорону омўзгорон ва муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони «Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд» ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Рўзи илми тоҷик баргузор гардид. Дар оғоз, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода конференсияро ифтитоҳ намуда, меҳмононро муаррифӣ кард ва мавзӯи онро муҳим маънидод намуд. Роҳбари донишгоҳ иштирокчиёнро ба муносибати Ҳафтаи илм дар мамлакат табрик намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Сипас, дар идомаи кори ҳамоиш як зумра олимону коршиносон – профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ Назира Ғаффорӣ дар мазӯи “Рушди маърифати ҳуқуқӣ – самти муҳими сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол”, дотсенти Маркази омўзиши забонҳои русӣ ва Осиёи Марказии факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи Ҷаваҳарлал Неҳру Прамод Кумар таҳти унвони “Муносибатҳои Ҳиндустон ва Тоҷикистон: дурнамои рушди геополитикӣ”, дотсенти Маркази омўзиши забонҳои русӣ ва Осиёи Марказии факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи Ҷаваҳарлал Неҳру (Ҷумҳурии Ҳиндустон) Говинд Кумар, дар мавзӯи “Муносибатҳои Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ: дурнамои инкишоф”, дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ Саидзода Шўҳрат бо номи “Таҳкими мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ”, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ Алиҷонова Сурайё др мавзӯи “Самтҳои афзалиятноки рушди «иқтисодиёти сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва донишҷўи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ Бониёззода Бобоҷон таҳти номи “Нақши маърифати ҳуқуқӣ дар эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд” маърӯза намуданд.
Зимни ироаи маърӯзаҳо таъкид шуд, ки асосҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии шаҳрвандон ба ташаккули эҳтироми устувор дар ҷомеа нисбат ба қонунгузорӣ ва рафъи падидаи инкор намудани ҳуқуқ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, дар шуури ҷомеа ҷорӣ намудани идеяи иҷрои софдилонаи вазифа ва риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ бояд нигаронида шаванд. Дар ҳолати коркард ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ рушди фарҳанги олии ҳуқуқии ҷомеа ба амал меояд. Аз ҷониби дигар, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди маърифати ҳуқуқӣ имкон фароҳам меоварад, ки дархости ҷомеа барои ташаккули фарҳанги пешрафтаи ҳуқуқӣ сари вақт ва босифат ба амал бароварда шавад.
Конфронси мазкур пас аз нисфирӯзӣ дар башхҳо идома карда, устодону донишҷӯён бо маърӯзаҳо баромад карданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа