Ғолибияти донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуни байналмилалӣ

29 марти соли ҷорӣ дар Донишкадаи Конфутсияи назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон даври 23-юми озмуни байналхалқии «Пули забони хитоӣ» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар ин озмуни байналхалқӣ 10 – нафар донишҷӯёни ихтисоси таъминоти забонии робитаҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иштирок намуда, ба ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд.
Донишҷўёни ғолиб ва иштирокчиёни фаъол бо Ифтихорнома, Диплом ва тўҳфаҳои хотиравии Донишкадаи Конфутсий қадрдонӣ шуданд.
Бояд қайд кард, се нафар донишҷўёни донишгоҳ Салимова З, Халифаева Ш ва Атабуллоев Ҷ ҷиҳати иштирок дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Душанбе байни донишгоҳҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.
Раёсати донишгоҳ донишҷўёнро бо ин дастоварди муҳим дар самти омўзиши забони хитоӣ табрик намуда, ба онҳо дар корҳои минбаъдаашон бурдбориҳо таманно менамояд.

You might also like