Баргузории чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Модар дар ДДҲБСТ
7 марти соли 2024 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ доир шуд. Дар ин чорабинӣ муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муъмин Шарифзода ва роҳбарияти донишгоҳ, кормандону устодон ширкат намуданд.
Сараввал, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода занону бонувонро ба муносибати Рӯзи Модар шодбош намуд. Таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занону бонувонро дар тарбияи насли созанда, таълиму тарбия, рушди илму маориф, давлату давлатдорӣ муассир медонанд ва таъкид мекунанд: «Ҳар як халқ ва миллат бо занону модарони худ фахр мекунад, лекин мо аз занону модаронамон ифтихори хоса дорем. Зеро модари тоҷик бо ақлу фаросат, донишу таҷриба ва муҳаббату садоқати худ дар ҳақиқат азизтарин нигини тоҷи миллати мо мебошад».
Дар идома, муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муъмин Шарифзода иштирокчиёнро бахшида ба ин санаи фархунда –Рӯзи Модар табрик кард. Иброз шуд, ки воқеан, модар олиҳаи зиндагӣ, офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рўзгор буда, санаи 8 март чун Рўзи Модар ва рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба мақому мартабаи зан – модар таҷлил мегардад ва ба яке аз идҳои бошукўҳ ва писандидатарини мардум табдил ёфтааст. Ба ин ҳама хираду бузургии модарону хоҳарони азиз – машъалафрўзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накўкорӣ самимона арҷ гузошта, таъкид менамоям, ки баҳри мусоидат ба раванди шукуфоии Ватан дар радифи мардуми шарифи кишвар Шумо – бонувони донишгоҳамон низ ҳиссаи босазои худро мегузоред. Саъю талоши судманди Шумо дар марҳилаи имрўзаи соҳаи илму маориф бобати тайёр намудани мутахассисони соҳибтахассус басо назаррас аст.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба занону бонувони собиқадор, кормандону омӯзгороне, ки фаъолияти назаррас намудаанд ва ба ғолибони озмуну мусобиқаҳои гуногун туҳфаҳои хотиравӣ, медалу диплом ва Сипосномаву Ифтихорномаҳои раёсати донишгоҳ тақдим гардид.
Барномаи хуби адабию фарҳангӣ, ки аз шеъру тарона ва саҳнаҳои ибратпазир, ки аз бузургии занону модарон шаҳодат медод, ба чорабинии тантанавӣ ҳусни анҷом бахшид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа