ДДҲБСТ: Тақдими шаҳодатномаҳои унвони илмӣ ба истиқболи Рӯзи Модар

Имрӯз дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Модар, ки дар кишвари азизамон дар сатҳи баланд истиқбол мегардад, дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо баргузор намудани мизи мудаввар гурӯҳе аз заноне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғул гардида, рисолаҳои номзадиву докториашонро ҳимоя намудаанд, шаҳодатномаҳои унвони илмиашон тақдим гардид.
Дар маросими тақдими унвонҳои илмӣ, ки ба ифтихори Рӯзи Модар роҳандозӣ шуд, муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муъмин Шарифзода, ректори ДДҲБСТ Ҳомид Ҳошимзода ва гирандагони шаҳодатномаҳои унвонҳои илмӣ аз донишгоҳу донишкадаҳои вилоят ширкат намуданд.
Дар оғоз таъкид гардид, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалат ва мавқеи занону бонувон дар ҷомеа мустаҳкам гардида, дар баробари иҷрои рисолати модариву қарзи шаҳрвандии хеш бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созанда дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат махсусан соҳаи илму маориф ва анҷом додани корҳои илмиву таҳқиқотӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Роҳбарияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдими шаҳодатномаҳои унвони илмиро ба муносибати Рӯзи Модар нишонаи эҳтирому арҷгузорӣ ба зан-модар, ҷалби таваҷҷуҳи бонувон ба анҷом додани корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва расидан ба хизмату заҳмати онҳо маънидод кард.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба занону бонувони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят шаҳодатномаҳои онҳо тақдим гардид.
Занон-омӯзгорони донишгоҳу донишкадаҳо аз ин иқдоми хуби роҳбарияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хушҳол гардида, ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки минбаъд низ корҳои илмиву таҳқиқотиашонро идома дода, рисолаҳои докториашонро ҳимоя менамоянд ва шогирдонашонро дар самти анҷом додани корҳои илмӣ роҳнамоӣ хоҳанд кард.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like